Ҷустуҷу
-
Sep 11, 2019
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо ишора ба ҳамкории деринаи дифоӣ ва низомии Эрон ва Чин таъкид кард, ин ҳамкорӣ ҳамонанди равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳоли тавсеа ва густариш аст.
-
Sep 11, 2019
Фарсудагии хати рейлӣ дар иёлати Балучистон, дар ҷануби ғарби Покистон боиси эҷоди ҳодиса барои қатори бории Эрон ва Покистон шуд.
-
Sep 11, 2019
Руасои утоқҳои саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Иморот дар Дубай дидор ва дар хусуси ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодули назар карданд.
-
Sep 11, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Амрико бояд ҷангталабонро канор гузошта ва сиёсатҳои ҷангталабиву фишори ҳаддиаксариро раҳо кунад.
-
Sep 11, 2019
Саранҷом пас аз ҳафтаҳо гумоназании расонаҳо дар мавриди ихтилофи назар миёни раисҷумҳури Амрико ва мушовири амнияти миллии вай , Доналд Трамп, Ҷон Болтонро барканор кард.
-
Sep 09, 2019
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин рӯзи душанбе бо интиқод аз рӯйкардҳои ғалати Вашингтон дар қиболи Теҳрон гуфт, Амрико бояд аз эъмоли фишор ва таҳрим алайҳи Эрон даст бардорад.
-
Sep 08, 2019
Душанбе 18 шаҳривари ҳиҷрии хуршедӣ ва 9 сентябри 2019 мелодӣ нуҳӯмин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1441 ҳиҷрии-қамарӣ ва рӯзи Тосуои Ҳусейнӣ аст.
-
Sep 08, 2019
Крис Ҳевер-исломшиноси масеҳӣ аст, ки воқеаи Ошуро ва саргузашти Имом Ҳусайн (а)ро фаротар аз таърихи мусулмонон ва шиъаён медонад ва онро ба унвони бахше аз таърихи башарият матраҳ мекунад.
-
Sep 08, 2019
Раиси анҷумани мӯбадони зартуштиёни Эрон бар иродати ҳамкешонаш ба соҳати муқаддаси Имом Ҳусайн(а) таъкид кард.
-
Sep 08, 2019
Нархи орд дар Тоҷикистон дар моҳи сентябр барои панҷумин бор тайи соли ҷорӣ афзоиш ёфт.
-
Sep 08, 2019
Мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъият дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, ки барои бозпардохти беҳтари қарзи хориҷии ин кишвар бояд тавозун миёни мизони сармоягузории молӣ ва қарзи хориҷӣ тағйир кунад.
-
Sep 07, 2019
Фармондеҳи дарёбонии устони Ҳурмузгон, ҷануби Эрон гуфт, як бонд аз қочоқчиёни хориҷии сӯхт ва маҳмулаи сӯхтии қочоқ дар марзҳои обии ин устон шиносоӣ ва аз байн бурда шуд.
-
Sep 07, 2019
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Sep 07, 2019
Раҷаб тайиб Эдуғон раиси ҷумҳурии Туркия эълом кард ин,ки кишварҳои дорои силоҳи атомӣ, кишварашро аз доштани ин силоҳ манъ кунанд, барояш қобили қабул нест.
-
Sep 07, 2019
Таи ду даҳаи ахир бо вуҷуди барномарезии ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши содирот ва коҳиши воридоти ин амр таҳақуқ наёфтааст ва ба гуфтаи иқтисоддонони ин кишвар солҳои тулонӣ ҳамчунон воридкунандаи коло аз хориҷ боқи хоҳад монд.
-
Sep 06, 2019
Бордории 17 моҳаи як зани чинӣ дар расонаҳо хабарсоз шудааст.
-
Sep 06, 2019
Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, давлати ин кишвар дар бораи тавофуқи эҳтимолии Амрико бо гурӯҳи Толибон ва паёмадҳои он нигарон ва тавзеҳи Вашингтонро дар бораи ин тавофуқнома хостор аст.
-
Sep 05, 2019
Бо таваҷҷуҳ ба кӯҳна ва фарсуда шудани таҷҳизоти неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон, ки дар замони Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ сохта шудааст, зарурати таҷдид ва бозсозии онҳо ба вуҷуд омадааст.
-
Sep 05, 2019
Вазорати дороии Тоҷикистон аз имзои тавофуқномаи сармоягузорӣ миёни давлати ин кишвар ва Бонки тавсеаи исломӣ барои иҷрои 3 проект ба арзиши беш аз 80.6 миллион доллар хабар дод.
-
Sep 05, 2019
Вазири молияи Тоҷикистон ва намояндаи Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар шаҳри Душанбе созишномаи кумаки бебозгашт ё билоивази Токио барои бозсозии роҳи Душанбе – Бохтар, маркази вилояти Хатлонро имзо карданд.