Ҷустуҷу
-
Oct 09, 2017
Аввалин маркази тиҷории Узбакистон дар шимоли Тоҷикистон дар ҳоле бозгушоӣ шуд, ки бинои ин марказ қаблан дар ихтиёри маркази тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.
-
Sep 23, 2017
Ширкатҳои тиҷории Амрико ва Узбакистон дар ҳошияи нишасти Созмони Миллал тавофуқномаи ҳамкории тиҷорӣ ба арзиши 2.6 миллиард доллар имзо карданд.
-
Sep 22, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо намояндагони маҳофили тиҷории Амрико гуфт, тайи ду соли ахир давлати Душанбе бо ҳадафи мутобиқ кардани барномаҳои иқтисодии кишвар бо меъёрҳои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ беш аз 100 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 40 қонуни ҷадид ба тасвиб расонд.
-
Sep 09, 2017
Бинои қаблии маркази тиҷории Эрон дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон ба Узбакистон вогузар шудааст.
-
Aug 23, 2017
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз афзоиши 3 миллиард долларии гардиши молӣ миёни Душанбе ва Пекин то соли 2020 хабар дод.
-
Aug 04, 2017
Раисони утоқҳои бозаргонии Тоҷикистону Узбакистон барои ташкили Шӯрои муштараки тиҷории ду кишвар тавофуқ карданд.
-
Jul 23, 2017
Ахиран дар дидори мақомоти Тоҷикистону Покистон дар нишасти 4 ҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон дар Душанбе, миёни Покистону Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки роҳро барои ҳамкориҳои бештари ин ду кишвар ҳамвортар мекунад.
-
Jul 16, 2017
Пешбиниҳои иқтисодӣ ҳикоят аз он дорад, ки коҳиши мувозинати тиҷории Амрико дар соли ҷорӣ бо афзоиши чашмгир ба 570 миллиард доллар хоҳад расид. Ин шохис дар поёни соли 2016 505 миллиард доллар буд.
-
Май 15, 2017
Раиси Маҷлиси Намояндагони парлумони Тоҷикистон Чинро аз муҳимтарин шарикони тиҷории кишвараш хонда, ибрози итминон кардааст, ки дар оянади наздик ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар то 3 миллард доллар дар сол афзоиш хоҳад ёфт.
-
Май 15, 2017
Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо раиси Комиссияи равобити байналмилалии парлумони Чин дар Душанбе, Пекинро муҳиммтарин шарики тиҷории кишвараш хонда, хостори афзоиши мизони мубодилоти бозаргонӣ миёни Душанбе ва Пекин шудааст.
-
Apr 24, 2017
Бонки миллӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон ба масъулони 301 маркази тиҷорӣ ва хадамоти умумии ин кишвар 25 рӯз муҳлат додаанд, то барои насби дастгоҳҳои кортхон иқдом кунанд.
-
Apr 23, 2017
Барпоии намоишгоҳи колоҳои Узбакистон дар Душанбе назари мардуми Тоҷикистонро ба афзоиши ҳамкории иқтисодии кишварашон бо Узбакистон мусбат кардааст.
-
Apr 20, 2017
Бонки ҷаҳонӣ, дар гузориши ҷадиди худ аз афзоиши болои тиҷорати Эрон хабар дод.
-
Apr 06, 2017
Ба гузориши сайти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ҳамоиши маҳофили бозаргонии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки интизор меравад 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, раисон ва намояндагони наздик ба 40 ширкат ва корхонаҳои мухталифи тавлидӣ ва саноатии Қазоқистон ширкат мекунанд.
-
Jan 06, 2017
Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон аз мусбат шудани тавозуни тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод ва гуфт, барои нахустин бор дар таърихи Эрон мизони содирот аз воридот пешӣ гирифтааст.
-
Dec 22, 2016
Вазири умури мазҳабӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон аз баррасии мавзӯи ифтитоҳи намозхона дар фурудгоҳҳо, поёнаҳо (терминал ва вокзал) ва марокизи тиҷории ин кишвар хабар дод.
-
Oct 29, 2016
Дар идомаи сиёсати таҳрими колоҳои сохта шуда дар шаҳракҳои саҳюнистнишин, бар рӯи маҳсулоти тавлидии ин манотиқ дар яке аз марокизи тиҷории Канада ҳам барчаспҳои вижа часпонда шуд.
-
Oct 10, 2016
Раиси Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ аз эъзоми ҳайати тиҷорӣ ва бозорёбии Эрон ба Тоҷикистон бо меҳварияти Хуросони Разавӣ хабар дод.
-
Sep 17, 2016
Раисиҷумҳури Туркманистон гуфт, иттисоли хати оҳани Қазоқистон - Туркманистон - Эрон ба якдигар ва хати оҳани Тоҷикистон -Туркманисон - Афғонистон зарфиятҳои тиҷории зиёдеро дар минтақа ба вуҷуд овардааст ва бояд кишварҳои минтақа аз ин зарфиятҳо истифода кунанд.
-
Sep 01, 2016
Муовини вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон гуфт, нахустин бор пас аз пирӯзи инқилоби исломӣ тавозуни тиҷории Эрон мусбат шудааст.