Ҷустуҷу
-
Feb 21, 2018
Марям духтари 8 солаи тоҷик, ки дар Ироқ ба сар мебарад дар паёме аз наздикони худ хостааст, ки бо ӯ иртибот гиранд.
-
Feb 18, 2018
Вуҷуди кӯдакони тоҷик дар кишварҳои ҷангзада нишондиҳандаи билотаклифии онон пас аз кушта шудани волидайнашон дар роҳи аҳдофи гурӯҳҳои террористӣ аст.
-
Feb 18, 2018
350 ҳазор коргари муҳоҷири хориҷӣ барои кор ба дуввумин шаҳри бузурги Русия, Санкт-Петербург дар соли 2017 ворид шудаанд, ки 230 ҳазор нафар аз онон муваффақ ба дарёфти муҷаввизи кор гардидаанд.
-
Feb 18, 2018
Дар Маркази улум ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе саҳмияи пазириши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия, мавриди баррасӣ қароргирифт. Ба гузориши сойти “Спутник”, Игор Фларов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳамасола беш аз 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои ин кишвар эъзом мешаванд.
-
Feb 15, 2018
Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо интишори баёнияе дар сомонаи худ муассисони Анҷумани озодандешони тоҷикро “олимони кундзеҳн” ва “журналистони шикастақалам” хондааст.
-
Feb 14, 2018
Мақомҳои тоҷик мегӯянд, аксари касоне, ки солҳои 2015 то 2017 ба Сурияву Ироқ рафтаанд, дар Русия чун коргар фаъолият мекардаанду дар онҷо ба доми мубаллиғон афтодаанд.
-
Feb 14, 2018
Шурои уламои Тоҷикистон дар баёнияе бо ибрози нигаронӣ аз таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик онро созмоне шубҳанок хондааст.
-
Feb 13, 2018
Як гурӯҳ равшанфикрони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, аз таъсиси созмоне ҷадид бо номи Анҷумани озодандешони тоҷик хабар додаанд.
-
Feb 06, 2018
Вазири кор , шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани шумори муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик дар соли 2017 хабар дод.
-
Feb 05, 2018
Кумитаи дини мегӯяд, 405 нафар донишҷӯи ғайрирасмӣ ба таҳсилоти динӣ дар кишварҳои исломию арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Покистон машғул ҳастанд.
-
Feb 04, 2018
Мақомоти пулиси шаҳри Сарански маркази вилояти Мордовияи Русия, як шаҳрванди тоҷикистонии узви гурӯҳи ҷаъли аснодро боздошт кардаанд, ки ба фурӯши гувоҳиномаҳои қалбакии мушорикат дар озмуни забони русӣ, машғул будааст.
-
Feb 03, 2018
Афви ҷавонони ифротгарои Тоҷикистон, ки ба сабаби ҷаҳолат ва гумроҳӣ,гирифтори тори анкабути гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна шуда буданд, боисм бозгашти онон ба ватани худ шуд. Аммо бозгашти иддае аз онон ба сангари террористҳо дар Ироқ ва Сурия, боиси нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.
-
Feb 03, 2018
Муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо радди иддаои бархе расонаҳо дар бораи султаи иқтисодии Чин бар Тоҷикистон, ин навъи нигаришро беасос унвон кард.
-
Feb 02, 2018
Намояндаи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт: Дар соли 2017 ҳудуди 1041 нафар таҳти пайгарди ҷиноӣ қарор гирифтаанд, ки 630 нафар аз онҳо ба фаъолиятҳои террористӣ ва ифротӣ муттаҳам шудаанд.
-
Feb 01, 2018
Раисиҷумҳури Қирғизистон вориди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.
-
Feb 01, 2018
Раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик –Эйр” аз тахфиф дар баҳои билети гардишгарони хориҷӣ ва ройгон будани интиқоли таҷҳизоти кӯҳнавардони хостори сафар ба Тоҷикистон хабар дод.
-
Jan 30, 2018
Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Узбакистон ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро ки муттаҳам ба хариду фуруши кудак шуда буданд муҷрим шинохт ва маҳкум ба зиндон кард.
-
Jan 30, 2018
Мақомоти додситонии вилояти Суғд аз поёни таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Хайрулло Мирсаидов, раҳбари Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик (КВН) ва хабарнигори собиқи Азия-Плюс ва радиои Садои Олмон хабар доданд.
-
Jan 29, 2018
Дар сӯхторе дар шаҳри Красногорски Маскав, чаҳор шаҳрванди тоҷик ҷон бохтанд.
-
Jan 29, 2018
Натиҷаи як пажӯҳиш дар Тоҷикистон, ки бо мусоидати дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар ин кишвар анҷом шуд, нишон медиҳад, ки 200 зани тоҷик бо ташвиқи шавҳарони худ, ба Сурия ва Ироқ рафта ва ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд.