Ҷустуҷу
-
Apr 18, 2017
Ба гуфтаи ин манбаъ, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2017 775.5 миллион долларо ташкил додааст, ки дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли гузашта наздики 100 миллион доллар, ё 11.3 дарсад камтар будааст. Аз сӯи дигар гуфта мешавад, дар ин муддат содироти коло аз Тоҷикистон наздики 17 дарсад афзоиш ёфта, ба 230 миллон доллар расидааст.
-
Apr 18, 2017
Дар нишасти имрӯзи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе ба симмати раёсати маҷлиси пойтахти ин кишвар интихоб шуд.
-
Apr 18, 2017
Муовини нахуствазири Русия пас аз баргузории мизи гирди баррасии “Имконоти ҷадиди иқтисодӣ ва чашмандози ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё” дар шаҳри Душанбе, аз алоқамандии Тоҷикистон барои узвияти нозир дар ин иттиҳодия хабар дод.
-
Apr 18, 2017
Мизони кумакҳои муҳоҷирони тоҷик ба кӯдакони ниёзманд дар Тоҷикистон бо истифода аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҷозӣ рӯ ба афзоиш аст.
-
Apr 18, 2017
Мудири Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки кишвари Чин ба Тоҷикистон коло ва маҳсулоти бидуни кайфият ворид мекунад.
-
Apr 18, 2017
Мақомоти Тоҷикистон Беҳрӯз Гулмуродов фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимовро боздошт карданд.
-
Apr 17, 2017
Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар хабар дода, таъкид намудааст, ки истифодаи силоҳ алайҳи ӯ қонунӣ буд.
-
Apr 17, 2017
Сафири Тоҷикистон дар Эрон аз баргузории Ҷашнвораи фарҳанги милал дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва ҳузури донишҷӯёни тоҷик бо пушиши суннатӣ дар ин ҷашнвора истиқбол кард.
-
Apr 17, 2017
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кашфу мусодираи 100 килограм маводи мухаддир, аз аъзои як гурӯҳ дар ноҳияи Истаравшан ва шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хабар дод.
-
Apr 17, 2017
Мақомоти вазорати дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки то замони таъйиди расмии хабари кушта шудани полковники фирорӣ- Гулмурод Ҳалимов, номи ӯ дар феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол боқӣ хоҳад монд.
-
Apr 16, 2017
Пас аз тағйири хатти сириллик ба лотин дар Қазоқистон, коршиносон муътақиданд, тағйири хатти сириллик ба форсӣ дар Тоҷикистон имконпазир аст.
-
Apr 16, 2017
Мақомоти вазоратҳои умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар дидоре дар Маскав, мавзӯи ҳамкории дуҷониба барои муқобила бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Apr 16, 2017
Бар асоси як назарсанҷии анҷом шуда, тавассути сомонаи Ахбор, дар мавриди афви коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия, аксари коргарони муҳоҷири тоҷики муқими ин кишвар, хостори фаъолият дар Тоҷикистон мебошанд ва муътақиданд, ки бояд дар кишварашон барои онон иштиғолзоӣ шавад.
-
Apr 15, 2017
Нахустин муомилоти биржаи авроқи гаронбаҳои Осиёи Миёна, дар Тоҷикистон анҷом шуд ва авроқи баҳодори як бонк, дар аввалин соатҳо ба фурӯш рафт.
-
Apr 15, 2017
Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод феҳристи амнтарин кишварҳои ҷаҳонро мунташир кард, ки Тоҷикистон дар миёни 136 кишвари дунё дар ҷойгоҳи 49-ум қарор дорад.
-
Apr 15, 2017
Мақомоти интизомии Тоҷикистон феҳристи 100 шаҳрванди ин кишварро, ки муқими Русия ва гумонбар ба доштани иртибот бо гурӯҳҳои ифротӣ ҳастанд, дар ихтиёри Маскав қарор доданд.
-
Apr 15, 2017
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Русия аз таваққуфи 10 -рӯзаи музокироти парвозии ҳайатҳое аз идороти ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ва Тоҷикистон дар Маскав, ба дархости тарафи Душанбе барои поён додан ба ихтилофоти парвозии ахир хабар доданд.
-
Apr 15, 2017
Муовини аввали нахуствазири Русия аз тамоюли Тоҷикистон барои касби мақоми узвияти нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
-
Apr 13, 2017
Бар асоси радабандии ҷадиди маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар соли 2016, Тоҷикистон дар заминаи рушди суръати ҷазби гардишгарон дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифтааст.