Ҷустуҷу
-
Dec 30, 2016
Шиддат гирифтани ихтилофот миёни Маскав ва Душанбе бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар, натоиҷи ҷаласа байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе ва баррасии мавзӯи мизони молиёт дар Тоҷикистон аз матолиби меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
-
Dec 29, 2016
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон муҳимтарин натоиҷи ба дастомадаро дар ҷаласаи байниҳукуматии ду кишвар дар шаҳри Душанбе оғози парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар нимаи аввали соли 2017, харидани алюминиуми Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои саноатии Узбакистон ва коҳиши қимати тарофаҳои ҳамлу нақл аз тариқи роҳи оҳан эълом кард.
-
Dec 28, 2016
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, баҳс барои парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Маскав, ки як ҳафтаи охир авҷ гирифт, бо роҳи мусолиматомез ҳал хоҳад шуд.
-
Dec 27, 2016
Баъди муддатҳо ройзанӣ миёни Душанбе ва Тошканд, як ҳайъати расмӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон сафар кард. Коршиносон, сафари ин ҳайъатро самараи сиёсати ҳукумати ҷадиди Узбакистон медонанд.
-
Dec 27, 2016
Ҳайате аз мақомоти Ӯзбакистон ба сарпарастии муовини нахуствазири ин кишвар ба Тоҷикистон сафар кард.
-
Dec 26, 2016
Сафари ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Рустам Азимов-муовини сарвазири ин кишвар ба Тоҷикистон, рӯзи 26-уми декабр дар назар буд, ба таъхир афтод.
-
Dec 26, 2016
Мудири Маркази “Муҳоҷират ва қонун” дар Русия муътақид аст, ки маҳдудият ва коҳиши теъдоди парвозҳо миёни Душанбе ва Маскав ба зиёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ хоҳад буд.
-
Dec 23, 2016
Ҳафтаномаҳои чопи шаҳри Душанбе ин ҳафта муҳимтарин воқеаҳои Тоҷикистон ва минтақаву ҷаҳонро мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд.
-
Dec 21, 2016
Кормандони Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз ду қочоқчии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе 208 кило ҳашиш кашф кардаанд.
-
Dec 21, 2016
Сафорати Русия дар Тоҷикистон тадобири амниятиро дар атрофи сохтмони ин сафоратхонахо афзоиш додааст.
-
Dec 20, 2016
Тоҷикистон терори сафири Русия дар Туркияро шадидан маҳкум кард.
-
Dec 16, 2016
Шаҳрдори Душанбе ба Дилшод Назаров, барандаи медали тилло дар бозиҳои Олимпии Рио-2016, дар маркази пойтахти Тоҷикистон як манзили маскунӣ эҳдо кард.
-
Dec 16, 2016
Матолибе дар мавриди Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ, даст доштани созмонҳои ҷосусии Ғарб дар таъсиси гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа, "ҳар рӯз бояд рӯзи ҳазрати Муҳаммад (с) бошад" ва чаро афсарони тоҷик пайрави ДИИШ ҳастанд?, аз муҳимтарин матолиби мунташиршудаи ин ҳафтаи матбуоти чопи Душанбе аст, ки дар гузориши ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа дарҷ шудааст.
-
Dec 09, 2016
Аксари нашриёти ин ҳафтаи Тоҷикистон аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон ва пирӯзии қотеи Шавкат Мирзиёев дар ин интихоботу дурнамои равобити Душанбеву Тошканд матолиб ва гузоришҳои мухталиф нашр кардаанд.
-
Dec 08, 2016
Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
-
Dec 08, 2016
Маркази барқу гармидиҳии мавсум ба “Душанбе-2” рӯзи 8-уми декабр бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
-
Dec 06, 2016
Аъзои як бонди кӯдакрабо дар Душанбе маҳкум ба зиндон шуданд.
-
Dec 02, 2016
Ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ин ҳафта низ муҳимтарин матолиби дохилӣ, минтақаӣ ва ҷаҳониро меҳвари тавваҷуҳ қарор доданд.
-
Dec 01, 2016
Русия кӯмакҳои низомии худро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад.
-
Nov 30, 2016
Бар асоси тавофуқи мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Душанбе ва Тошканд пас аз 25 сол дар авоили соли ояндаи 2017 аз сар гирифта хоҳад шуд.