Ҷустуҷу
-
Nov 20, 2023
Намояндаи Эрон дар пайкорҳои вазнабардории ҷавонони ҷаҳон ҳар 3 рекорди як зарб, ду зарб ва маҷмӯи навҷавонони Осиё дар дастаи 81 килограми пайкорҳои вазнабардории ҷавонони ҷаҳонро ба номи худ иртиқо дод.
-
Nov 19, 2023
Тими миллии футзали ношунавоёни Эрон қаҳрамони панҷумин давраи мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Сан-Паулуи Бразилия шуд.
-
Nov 18, 2023
Тими миллии голболи Эрон ба мақоми нахусти рақобатҳои қаҳрамонии Осиё даст ёфту ҷавози ҳузур дар бозиҳои паралимпии 2024 Порисро касб кард.
-
Nov 18, 2023
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамла ба бемористонҳоро бо ҳамаи мавозини ҳуқуқи башарӣ, ҳуқуқи байналмилал ва конвенсияҳои Женева дар таоруз хонд ва гуфт, ки ҳамла ба бемористонҳо моҳияти ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро ошкортар кард.
-
Nov 18, 2023
Шашумин Намоишгоҳи байналмиллалии гардишгари Туркия бо муаррифи ҷозибаҳои гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон дар Маркази намоишгоҳҳои байналмиллалии Анқара дар ҳоли баргузорӣ аст.
-
Nov 18, 2023
Ҳабдаҳумини камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистони26 ва 27 обон ( 17-ум 18-уми ноябр ) дар Ишқобод баргузор мешавад .
-
Nov 18, 2023
Миллипӯшони футзали ношунавои Эрон бо бартари пургул муқобили тими Таиланд ба дидори поёнии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.
-
Nov 18, 2023
Ҳамзамон бо чиҳилу дувумин рӯз аз амалиёти «Тӯфони ал-Ақсо» дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, Намоишгоҳи акси муқовимати Фаластин ба ибтикори ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломобод барпо шуда ва ҷиноёти режими ишғолгари Исроил алайҳи мардуми мазлуми Ғазза дар қолаби тасвир ба намоиш даромадааст.
-
Nov 18, 2023
Тими навҷавонони Эрон дар охирин бозӣ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии зери 17 сол муқобили Каледония ба бартарӣ расид.
-
Nov 17, 2023
Раиси ҷумҳурии Туркманистон дар паёме ба ширкаткунандагони Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ, хостори афзоиши тиҷорати дуҷониба бо Ҷумҳурии исломии Эрон шуд.
-
Nov 16, 2023
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Таомул ва пайвастагии ҳаддиаксари бо кишварҳои минтақа аз ҷумла кишварҳои узви Созмони Шанхай ва ҳузури муассир дар таомулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ дар конуни сиёсати хориҷии Теҳрон қарор дорад.
-
Nov 15, 2023
Тими миллии таеквандои Эрон дар муборизаи поёнии Ҷоми Ҷаҳонӣ баробари Австралия пирӯз шуд ва рӯи сакӯи қаҳрамонӣ истод.
-
Nov 14, 2023
Сухангӯии Вазорати умури хориҷа аз сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Женева дар ростои талошҳои диплумотик дар иртибот бо масаълаи Фаластин хабар дод.
-
Nov 14, 2023
Вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар гузорише ба шарҳи тавофуқ бо Эрон барои истифода аз бандари Чобаҳор бо ҳадафи дастрасӣ ба уқёнуси Ҳинд пардохт ва навишт: Эҷоди боркашонии ҷодаӣ аз масири «Тоҷикистон - Узбакистон - Туркманистон - Эрон» бо истифодаи муассир аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор, фурсати ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Эронро бештар хоҳад кард.
-
Nov 14, 2023
Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури занон ва хонавода бо ҳимоят аз таҳсили духтарони донишҷуи Ғазза дар Эрон гуфт, дар марҳилаи нахуст 3 нафар аз донишҷуёни духтари Ғазза дар донишгоҳи Буалӣ Синои Ҳамадон дар ҳаракати намодин бурсия(квота) мешаванд.
-
Nov 14, 2023
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Петер Сийярто-вазири умури хориҷаи Венгрия(Маҷористон) дар хусуси густариши равобити дуҷониба ва таҳаввулоти ахир дар ғарби Осиё бавежа авзоъи Ғазза табодули назар кард.
-
Nov 14, 2023
Раиси утоқи бозаргони шаҳри Пироси Юнон дар дидор бо ҳайати тиҷории эъзомӣ аз утоқи муштараки бозаргонии Эрон - Юнон, афзоиши тиҷорати дуҷониба ба арзиши се миллиард евроро хостор шуд.
-
Nov 14, 2023
Амирсаъиди Ереванӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид(СММ) дар бораи хатари силоҳҳои ҳастаии режими Исроил ҳушдор дод ва гуфт: Таҳдидоти ҳастаии ахири мақомоти баландпояи режими Исроил алайҳи Эрон ва Фаластин, хатари ин силоҳҳоро дар дасти чунин режими номашруъ барҷаста мекунад.
-
Nov 13, 2023
Дар поёни рақобатҳои конополои қаҳрамонии Осиё, намояндаи Эрон дар бахши мардон ба мақоми қаҳрамонӣ ва дар бахши бонувон ба мақом сеюм расид.
-
Nov 12, 2023
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, пешниҳодоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатъномаи поёнии нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Арабистон дарҷ шуда ва лаҳну ибороти ин қатънома қавӣ ва муҳкам аст.