Ҷустуҷу
-
Jul 12, 2020
Шуморе аз намояндагони ироқӣ судури дастури қазоии байналмилалии зидди давлати Амрикоро, ба далели террори шаҳидон, Абӯлмаҳдӣ Алмуҳандис ва сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ хостор шуданд.
-
Jul 12, 2020
Эътирозҳо дар Лубнон зидди Амрико раванди афзоишӣ дорад.
-
Jul 12, 2020
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Душманон ба эътирофи худашон, бо вуҷуди сахттарин таҳримҳо ва фишорҳои ҳамаҷониба, натавонистаанд ба аҳдофи зиддиэронии худ даст ёбанд.
-
Jul 12, 2020
Рӯзномаи Нию-Йорк Таймз бо интишори бахше аз ҷузъиёти санади тавофуқи ҳамкории ҷомеи Эрон ва Чин таъкид кард: Ин тавофуқ зарбаи бузурге ба сиёсатҳои зидди эронии Трамп аст.
-
Jul 12, 2020
Рӯзи ҷумъа 10 июли 2020 пас аз 90 сол бори дигар гулбонги азон аз манораҳои масҷиди Аёсофия дар Истамбул ба гуш расид.
-
Jul 12, 2020
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия фармони тағйири корбарии мӯзеи Аёсофия ба масҷидро имзо кард.
-
Jul 12, 2020
Эътирозоти чандин ҳазор нафар ба вазъияти номатлуби иқтисодии бархоста аз буҳрони вируси корона дар шаҳри Тел-Авив бо хушунати полиси режими саҳюнистӣ ҳамроҳ шуд.
-
Jul 12, 2020
Донишмандони англисӣ рӯзи шанбе ҳушдор доданд, ки умри вируси корона дар сармо то 10 баробар афзоиш меёбад.
-
Jul 12, 2020
Ҳамзамон бо бисту панҷумин солгарди наслкушии Сребренитса дар қалби Аврупо 9 тан аз шаҳидони ин ҷиноят, ки ба тозагӣ шиносоӣ шудаанд дар ин шаҳр ба хок супурда шуданд.
-
Jul 12, 2020
Дар пайи беҳбуди нисбии вазъияти вируси корона дар Тоҷикистон теъдоде аз сафирони кишварҳои хориҷии муқими Душанбе бо маконҳои дидании ноҳияи Айнӣ ошно шуданд.
-
Jul 11, 2020
Мақомоти русӣ бори дигар ба ифшогарӣ дар бораи ҳамдастии амрикоиҳо дар қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон пардохтаанд.
-
Jul 11, 2020
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар суханронияш ба муносибати кушоиши масҷиди Аёсофия ба рӯйи намозгузорон шеъре ба забони форсӣ хонд.
-
Jul 11, 2020
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз 188 маврид фавтидаи нав бар асари КОВИД-19 хабар дод.
-
Jul 11, 2020
Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи ҳамлаҳои 11 сентябр, ба Афғонистон ҳамла ва ин кишварро ишғол кард ва ба рағми тавофуқ байни Амрико ва Толибон бар асоси хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, ҳануз шумори қобили таваҷҷуҳе аз онҳо дар ин кишвар ҳузур доранд. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ихтилофоти Русия ва Амрико, расонаҳо ва бархе мақомоти амрикоӣ Маскавро муттаҳам ба табонӣ бо Толибон барои куштани низомиёни амрикоӣ кардаанд.
-
Jul 11, 2020
Баргузории мусобиқоти байналмилалии ашоир ва ақвом ба таъвиқ афтод.
-
Jul 11, 2020
Ҷавони мутаҷовиз ба духтари сесола дар Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд.
-
Jul 11, 2020
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Jul 11, 2020
Аз оғози имсол то кунун 600 тонна асал дар Тоҷикистон тавлид шуд.
-
Jul 11, 2020
Вазорати беҳдошти Узбакистон аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.
-
Jul 10, 2020
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз таҳти ҳимоят қарор додани Абдуллоҳи Ғурбатӣ, хабарнигори сомонаи “Азия плюс”, ки дар моҳи май дубор латукӯб шуд, худдорӣ кардааст.