Ҷустуҷу
-
Jan 06, 2017
Як афсари аршади артиши Туркия фош кард, ки Созмон иттилооти ин кишвар пеш аз оғози ҷанг дар Сурия ва Ироқ афроди гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар пойгоҳҳои сиррии вобаста ба артиш омӯзиш дода буд.
-
Jan 06, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, ба зудӣ ин хабарро хоҳем шунид, ки шарри ДИИШ аз сарзаминҳои исломӣ кӯтоҳ шудааст.
-
Jan 05, 2017
Мақомоти Украина ахиран як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба кишвараш истирдод кардаанд, ки бо шиносномаи фарди дигаре номи аслии худро махфӣ кардааст.
-
Jan 04, 2017
Масъули кумитаи иттилорасонии гурӯҳи террористии ДИИШ дар шарқи Мусил ба ҳалокат расид.
-
Jan 01, 2017
Дар идомаи амалиёти озодсозии Мӯсил Ироқ аз ишғоли ДИИШ, 200 терорист ба ҳалокат расиданд ва манотиқе дигар аз ин шаҳр озод шуд.
-
Dec 29, 2016
Гурӯҳи террористии ДИИШ хоҳони иҷрои ҳамалоти бештаре дар саросари Аврупо дар таътилоти соли нави масеҳӣ шуд.
-
Dec 28, 2016
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбе, 27 декабр гузоришҳо мунташиршударо дар мавриди тасмими Вашингтон барои муҷаҳҳаз кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар Сурия бо дӯшпартобҳо (ПЗРК)-и зиддиҳавоӣ такзиб кард. Марк Тонер дар айни ҳол бо мазҳака хондани иддаои Эрдуғон дар робита ба ҳимояти Ғарб ва Амрико аз ДИИШ ба изҳороти раисҷумҳури Туркия вокуниш нишон дод.
-
Dec 28, 2016
Русия, Чин ва Покистон ҳушдор доданд, нуфузи ДИИШ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст ва авзои амниятӣ дар ин кишвар низ рӯ ба вахомат аст.
-
Dec 27, 2016
Коршиноси руси масоили Осиёи марказӣ мегӯяд, бо заработи сангини артиши Сурия ва муттаҳидонаш ба гурӯҳи террористии ДИИШ, аъзои тоҷикистонии ин гурӯҳ ба тадриҷ тасмим мегиранд ба кишваршон бозгарданд.
-
Dec 25, 2016
Бар асари таркиш дар анбори муҳиммоти мутааллиқ ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Ҳалаб дар шимоли Сурия, чанд тан кушта ва захмӣ шуданд.
-
Dec 24, 2016
Гурӯҳи террористии ДИИШ зимни таҳдиди Туркия ба бомбгузорӣ ва вайронӣ, ин кишварро сарзамини ҷиҳод эълом кард.
-
Dec 24, 2016
Гурӯҳи террористии ДИИШ Туркияро таҳдид ва ин кишварро сарзамини ҷиҳод эълом кард.
-
Dec 23, 2016
Гурӯҳи террористии ДИИШ тасовири оташ задани ду сарбози асиршудаи артиши Туркияро мунташир кард.
-
Dec 19, 2016
Намояндаи Маҷлиси Афғонистон таъкид кард, ғарбиҳо ҳамзамон бо давлати Ашраф Ғанӣ ба Толибон ва гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ ва Алқоида ҳам кӯмак мекунанд.
-
Dec 15, 2016
Русия аз хунсо кардани ҳамалоти террористии муртабит ба ДИИШ дар Маскав, пойтахти ин кишвар хабар дод.
-
Dec 15, 2016
Узви Комиссияи иқтисодии парлумони Ироқ аз муттаҳам шудани даҳҳо саррофӣ дар ин кишвар ба ҳимояти молии гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.
-
Dec 14, 2016
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ахиран як сокини ноҳияи Ваҳдат дар ҳумаи пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми кумаки молӣ ва ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 17 сол зиндон маҳкум кард.
-
Dec 13, 2016
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз пайгарди қазоии се бародару як хоҳари тоҷикистонӣ хабар додааст, ки эҳтимол дорад ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста бошанд.
-
Dec 12, 2016
Сафири Русия дар Афғонистон бо таъйиди изҳороти ахири Замир Кобулов дар робита ба вуҷуди манофеи муштараки кишвараш бо Толибон дар мубориза бо ДИИШ таъкид кард.
-
Dec 10, 2016
Баъд аз изҳори назари Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон дар мавриди иртиботи Русия бо Толибон, Александр Мантитский сафири Русия дар Афғонистон низ эълон кард, барои ҷилавгирӣ аз нуфузи ДИИШ дар Афғонистон бо Толитбон ҳамкорӣ мекунад.