Ҷустуҷу
-
Sep 01, 2016
Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдат миллии Афғонистон дар чаҳорумин дидори худ барои ҳалли ихтилофот дар бораи тақсими салоҳиятҳои сарони давлат ба тавофуқ расиданд.
-
Aug 29, 2016
Мария Захарова- сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва Ҷон Керрӣ-вазири умури хориҷаи Амрико 12 соат дар бораи буҳрони Сурия дар Женева гуфтугӯ карданд.
-
Aug 27, 2016
Ноамнӣ дар Афғонистон рӯз ба рӯз афзоиш меёбд ва даргирии раҳбарони сиёсӣ дар ин кишвар низ бар ин чолиш афзудааст.
-
Aug 27, 2016
Бостоншиносон ва ковишгарони Русия тавонистаанд дар минтақаи Ямали ин кишвар, ки ҳамҷавори қутби шимол аст, ашёи марбут ба қарни 9 то 11 мелодиро кашф кунанд, ки яке аз онҳо ҷоми куҳани эронӣ аст.
-
Aug 24, 2016
Шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон шаби гузашта шоҳиди тирандозиҳои мукаррар буд, ки дар ин тирандозиҳо як тан кушта шуд.
-
Aug 21, 2016
Ҷудокори ҷавони тоҷик медали тиллои Ҷоми мири шаҳри Иркутски Русияро ба даст овард.
-
Aug 21, 2016
Як пойгоҳи хабарии амрикоӣ дар гузорише таъкид кард, иттиҳоди Чин, Эрон ва Русия дар Сурия ва дар ҳимоят аз Башор Асад ба дарди сари ҷадид, барои давлати Амрико табдил шудааст.
-
Aug 17, 2016
Мудири Газпром дар Тоҷикистон: Эҳтимол дорад, фаъолияти ин ширкат ба Суғд мунтақил шавад
-
Aug 15, 2016
Намояндаи раисиҷумҳури Русия ва муовини вазири умури хориҷаи Эрон, муҳимтарин таҳаввулоти минтақа ва равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Aug 14, 2016
Кордори Сафорати Туркия дар Тоҷикистон гуфт, Анкара аз тамоми имконот ва зарфиятҳои худ барои қатъи фаъолияти ниҳодҳои муртабит бо Гулен дар Тоҷикистон истифода хоҳад кард.
-
Aug 14, 2016
Созмонҳои ҷомеаи мадании Яман бар ташкили кумитаи таҳқиқ дар бораи ҷиноёти Арабистон дар Яман таъкид карданд.
-
Aug 13, 2016
Конгресси Амрико дар гузорише, бархе фармондеҳони артиши Амрикоро ба ироаи гузоришҳои иттилоотии дуруғин дар бораи талошҳои Амрико дар мубориза бо ДИИШ дар Ироқ ва Сурия муттаҳам кард.
-
Aug 10, 2016
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои Саудиро ба марказҳои ғайринизомӣ ва манотиқи маскунии Яман маҳкум кард.
-
Aug 06, 2016
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз ҳузури 500 меҳмони хориҷӣ аз 90 кишвар дар Ҳамоиши «дастрасӣ ба об ва беҳдошт», дар шаҳри Душанбе хабар дод.
-
Aug 01, 2016
Чаҳор шаҳрванди Осиёи Марказӣ, ки миллияти онҳо ҳануз эълом нашудааст, дар Русия ба ҷурми ҳамкорӣ бо ДИИШ дар ҷазб ва эъзоми нерӯ ба 28 то 30 сол зиндон маҳкум шудаанд.
-
Jul 27, 2016
Полиси Аврупо (Европол ) аз омодагии садҳо террорист барои амалиёти террористӣ дар Аврупо хабар дод.
-
Jul 27, 2016
Вазири адлияи Тоҷикистон аз баррасии мавзуи фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар додгоҳи ин кишвар хабар дод.
-
Jul 26, 2016
Намояндаи вижаи Созмони милал дар Афғонистон гуфт, гурӯҳи такфирии ДИИШ талош мекунад ҳузури худро дар бисёре аз устонҳои Афғонистон афзоиш диҳад, ҳарчанд сиёсати ДИИШ барои мардуми Афғонистон қобили пазириш нест ва фаъолияти ин гурӯҳ ҳамакнун ба устони Нангарҳор маҳдуд аст.
-
Jul 26, 2016
Вазири хориҷаи Эрон дар оғози сафари африқоияш дар Нигерия, бо раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва таҳаввулоту масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ кард.
-
Jul 25, 2016
Идораи амнияти миллии Афғонистон эълом кард, мавод бакор рафта дар инфиҷори рӯзи шанбе дар Кобул, танҳо дар ихтиёри давлатҳо қарор дорад.