Ҷустуҷу
-
Feb 12, 2017
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” гуфт, равобити Душанбе ва Теҳрон тира нест ва уфуқи равшане дорад.
-
Feb 12, 2017
Бар асоси бароварди донишмандони муҳити зист, тайи даҳаҳои ахир аз се як ҳиса аз масоҳати яхчолҳои Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво ва партоби газҳои гклхонаӣ об шудаанд ва хатар, коҳиши 30 дарсадии ин манобеъи табииро дар ояндаи наздик таҳдид мекунад.
-
Feb 11, 2017
Ширкати “Газпром”-и Русия аз идомаи иктишофи газ дар майдони гази “Сариқамиш”, воқеъ дар 36-километрии ғарби Душанбе даст кашид.
-
Feb 11, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз кушта шудани 13 тан аз шаҳрвандони ин кишвар бар асари фаромадани тарма дар рӯзҳои ахир ибрози нигаронӣ кард.
-
Feb 10, 2017
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрико дар паёмҳои мутақобил, 25- умин солгарди равобити дипломатӣ байни ду кишварро табрик гуфтанд.
-
Feb 09, 2017
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ахиран, дар додгоҳҳои ин кишвар ба ҷурми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.
-
Feb 09, 2017
Марзи шимолии Украина бо Ҷумҳурии Беларус ба маҳали убури шаҳрвандони бидуни мадорики шиносоии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон табдил шудааст, ки қасди дарёфти мақоми паноҳандагии сиёсӣ аз ин кишвар ва ё рафтан ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро доранд.
-
Feb 08, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Мақомоти пажуҳишгоҳи рушди улуми вобаста ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин вазоратхона тарҳеро барои оғози соли таҳсилӣ аз аввали моҳи август ироа карда, ки ҳамакнун дар ҳоли баррасӣ аст.
-
Feb 08, 2017
Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда мизбони сарон ва мақомоти баъзе кишварҳои ҷаҳон хоҳад буд.
-
Feb 07, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар дидор бо масъулони шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе таъкид кард, бояд шеваи хидматрасонӣ ба мардум тағйир кунад ва талафоти фаннии барқ коҳиш ёбад.
-
Feb 07, 2017
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, дар ҳоли ҳозир 200 ширкати эронӣ дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон машғули фаъолият ҳастанд.
-
Feb 07, 2017
Мардуми 180 русто дар Тоҷикистон аз дастрасӣ ба барқ маҳруманд.
-
Feb 07, 2017
Мақомоти пажӯҳишгоҳи рушди улум дар Тоҷикистон аз эҳтимоли тағйири замони оғози соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар хабар додаанд.
-
Feb 05, 2017
Дар Тоҷикистон ба далели шиддати сармо ва буҳрони камбуди сӯхт ва манобеи энержӣ дар солҳои ахир, бештари ҷангалҳои ин кишвар аз байн рафтааст.
-
Feb 05, 2017
Теъдоди муштариён ва корбарони интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон, тайи соли гузашта (2016) коҳиш ёфтааст.
-
Feb 04, 2017
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳҳои ин кишвар дастур додааст, ки занони омӯзгор, толиба ва донишҷӯдухтарон аз аввали март то Ҷашни Наврӯз бо либоси миллии тоҷикӣ дар дарсҳо ҳозир шаванд.
-
Feb 02, 2017
Тоҷикистон аз пуробтарин кишварҳои ҷаҳон аст ва ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар бисёре аз манотиқи ин кишвар мушкили оби ошомиданӣ вуҷуд дорад.
-
Feb 02, 2017
Назорат бар хадамоти почта дар Тоҷикистон ба далоили амниятӣ тақвият мешавад.
-
Feb 02, 2017
Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз барфрезӣ ва тармафароиҳои нав дар кишвар ҳушдор дод.