Ҳузури мухолифони сиёсии Тоҷикистон дар Украина
(last modified Thu, 09 Feb 2017 05:44:15 GMT )
Феврал 09, 2017 10:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури мухолифони сиёсии Тоҷикистон дар Украина

Марзи шимолии Украина бо Ҷумҳурии Беларус ба маҳали убури шаҳрвандони бидуни мадорики шиносоии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон табдил шудааст, ки қасди дарёфти мақоми паноҳандагии сиёсӣ аз ин кишвар ва ё рафтан ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро доранд.

Ба гузориши сайти currenttime.tv, Сергей Гонго сухангӯи хадамоти давлатии муҳоҷирати Украина гуфтааст, ки дар соли 2016 ба дархости 20 шаҳрванди Тоҷикистон, ки муддаии фирор аз кишвари хеш ба далелҳои сиёсӣ ва дар пайи касби мақоми паноҳндагии сиёсӣ аз Украина буданд, посухи рад дода шуд.

Вай таъкид кардааст, ки танҳо вуҷуди таъқибу фишор ва таҳдиди ҷонӣ барои андешаи сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки ин афроди муддаӣ он ҳастанд, ба манзури дарёфти мақоми паноҳндагии сиёсӣ аз Украина кофӣ нест.

Бо ин ҳол созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар Украина бо ҳимоят аз ҳуқуқи ин афрод ба додгоҳи Аврупо муроҷиа кардаанд, то бори дигар мавзӯи паноҳандагии сиёсии мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Украина мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ба ҳамин сабаб то баррасии ин мавзӯъ дар додгоҳи Аврупо, ҳукми додгоҳҳои Украина ба ихроҷи ин шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё истирдоди онон ба кишваршон ба таъхир гузошта шудааст.

Максим Боткович яке аз фаъолони созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Украина таъкид кардааст, ки пас аз мамнӯъияти фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ин кишвар боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои ин ҳизб шиддат ёфт, ки ин масъала сабаби фирори теъдоди зиёде аз фаъолони ин гурӯҳи сиёсӣ-исломӣ ба хориҷ шуд.

 

Барчасп