Ҷустуҷу
-
Dec 12, 2016
Сохти нерӯгоҳи Роғун дар 110 километрии шимолу шарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бар рӯи рӯдхонаи Вахш оғоз шуд, вале пас аз фурӯпоши Шӯравии собиқ ва истиқлоли Тоҷикистон амалиёти иҷроии ин проект дар соли 1991милодӣ ниматамом раҳо шуд.
-
Dec 04, 2016
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлил аз мавлуди паёмбари Ислом –ҳазрати Муҳаммад (с)-ро расман иҷоза дод, вале аз сокинон хост, ки ин маъракаро бидуни додани ғизо ва зиёфат баргузор кунанд.
-
Dec 01, 2016
Чаҳор тан аз сокинони вилояти Хатлон ба иттиҳоми талош барои тарконидани сохтмони пулису амният ва теъдоде аз биноҳои таърихӣ дар ноҳияи Хуросон маҳкум шуданд.
-
Dec 01, 2016
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, барои иҷрои Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2030 ба 118 миллиарду 100 миллион доллар ниёз аст.
-
Nov 21, 2016
Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узви ин созмон даъват кард, то барои расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ба Афғонистон бештар ҳамкорӣ кунанд.
-
Nov 21, 2016
Як пизишки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон гуфт, давлат бо костан аз шумори кормандоне, ки кори муфиде анҷом намедиҳанд, бахше аз ҳазинаи беморони қалбиро таъмин кунад.
-
Nov 19, 2016
Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ эъломи омодагӣ кард.
-
Nov 18, 2016
Ҷумҳурии халқии Чин дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 12 посгоҳ ва бурҷи дидабонӣ барои марзбонони тоҷик бунёд хоҳад кард.
-
Nov 17, 2016
Коршиносони ширкати байналмилалии “International SOS и control risks”, 4 кишвари минтақаи Осиёи Марказиро барои гардишгарони хориҷӣ хатарнок тавсиф кардаанд, ки Тоҷикистон низ дар миёни ин ҷумҳуриҳо қарор гирифтааст.
-
Nov 14, 2016
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи созишнома миёни ин кишвар ва Чин, дар мавриди бунёди дидбонгоҳҳои марзиро барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод кардааст.
-
Nov 08, 2016
Вазорати ҳамлу нақли Русия эълом кард, музокироти ҳайатҳои ин кишвар бо Тоҷикистон дар бораи парвозҳои ҳавопаймои мусофирбарӣ аз фурӯдгоҳи ҷадиди "Жуковский" бо тавофуқи дуҷониба барои идомаи парвозҳо ба поён расид.
-
Nov 07, 2016
Рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз афзоиши маҳдудият ва эҷоди фишор барои расонаҳои мустақил ибрози нигаронӣ карданд.
-
Nov 07, 2016
Мақомоти Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиро дар қолаби 11-умин иҷлоси Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар, баррасӣ карданд.
-
Nov 06, 2016
Дар ҳоле, ки музокироти мақомоти вазоратҳои ҳамлу нақли Русия ва Тоҷикистон дар бораи поён додан ба ихтилофи назари ду кишвар, бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Маскав ва Душанбе дар пойтахти Русия идома дорад, Маскав дар ин гуфтугуҳо шароити хешро матраҳ кардааст.
-
Nov 05, 2016
Дар пайи сар задани бархе мушкилоти сиёсӣ дар равобити Маскаву Душанбе муовини вазири умури хориҷии Русия барои баррасии равобит ва ҳаллу фасли бархе сӯитафоҳумҳо ин ҳафта ба Тоҷикистон сафар мекунад.
-
Nov 02, 2016
Китоби дарсии «Забони форсӣ» барои донишҷӯёни риштаи филологияи Эрон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон интишор ёфт.
-
Nov 02, 2016
Бар асоси тасмими Кумитаи андози Тоҷикистон, аз ин пас вакилони мудофеъ дар ин кишвар муваззаф ба пардохти андоз мешаванд.
-
Oct 25, 2016
Донишманди зистшиноси рус, ки солиёни зиёде таҳаввулоти марбут ба авзои кӯли "Сарез"-ро баррасӣ мекунад, барои ҷилавгирӣ аз тахриби ин кӯл се роҳкор ироа кард.
-
Oct 24, 2016
Бар асоси дастури Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, додани визаи фурӯдгоҳӣ ба шаҳрвандони эронӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе батаври муваққат мутаваққиф шуд.
-
Oct 20, 2016
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири хеш ба Қонуни ҷазои ҷиноии ин кишвар як идда тағйироту иловаҳо ворид кард, ки тибқи он муҷозот барои ҷиноятҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ сангинтар шуда, ҳамзамон ҷазо барои саркашӣ аз пардохти молиёт сабуктар шудааст.