Pars Today
Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳанӯз дар мавриди эъзоми нозирони интихоботии хеш ба Тоҷикистон тасмим нагирифтааст.
Ҳайати нозирони кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози фаолияти хеш ба манзури назорат бар таблиғоти номзадҳои интихоботи рӯзи 11 октябр хабар дод.
Барномаи таблиғоти барномаҳои интихоботии номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз шудааст, ки масъулон дар бораи ҳазинаи молии аҳзоби сиёсӣ дар ин марҳала камтар изҳори назар мекунанд.
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад.
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон гувоҳномаи номзадҳои интихоботи раёсати Ҷумҳурии ин кишварро ба 5 нафар номзади сабтиномшуда супорид.
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки далели сабт нашудани номзадии раиси Ҳизби демократ дар интихоботи 11 октябр мавзеъи интиқодии вай аз амалкарди ҳукумат мебошад.
Раиси Ҷумҳурии феълӣ ва номзади Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии рӯзи 11 октябр, афзоиши ду баробар тавлиди нохолиси миллиро ваъда додааст.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар, ки ба унвони номзади ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод шуда буд сабтином нашуд.
Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз дарёфти даъватномаи расмӣ барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар дод.