Номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ сабтином нашуд
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар, ки ба унвони номзади ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод шуда буд сабтином нашуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз сабтиноми Сайдҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар, ки ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар рӯзи 11 октябр пешниҳод шуда буд, худдорӣ кардааст.
Мақомоти ин комиссия гуфтаанд, ки номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон натавонистааст 245 ҳазор имзои мавриди ниёз барои сабтином ба унвони номзади ин ҳизбро ҷамъоварӣ кунад. Саидҷаъфар Усмонзода гуфтааст, ки намехоҳад бо Комиссияи марказии интихобти Тоҷикистон дар ин маврид вориди баҳс шавад ва медонад, ки ин иқдом бенатиҷа хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода- номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров- номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода- номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев- номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон афроде ҳастанд, ки ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсолро ба даст овардаанд.