-
Инфиҷори сад кило маводи тарканда дар маҷрои рӯди Панҷ + видео
Июл 15, 2017 06:41Низомиёни Русия барои аз байн бурдани садде ки дар пайи резиши кӯҳ дар маҷрои рӯди Панҷ, дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд, аз беш аз 100 кило маводи тарканда истифода кардаанд. Вазорати дифои Русия видеои лаҳзаи инфиҷорро дар интернет мунташир кардааст.
-
Афзоиши ду баробарии мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон ва Узбакистон
Июл 13, 2017 11:25Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, арзиши мубодилоти бозаргонии ин кишвар ва Узбакистон аз авоили соли 2017 бо ду баробар афзоиш, дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл ба беш аз 46 миллион доллар расидааст.
-
Санаи гусели нахустин гурӯҳи зоирони тоҷикистонӣ ба ҳаҷ эълом шуд
Июл 13, 2017 08:06Раиси Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон аз гусели нахустин гурӯҳ аз зоирони ин кишвар ба ҳаҷ дар шонздаҳуми август хабар дод.
-
Ҳамаи тоҷикистониҳо метавонанд тилло истихроҷ кунанд
Июл 13, 2017 07:32Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хостааст, барои ҳамаи афроде, ки тамоюл ва тавони фаъолияти мустақил дар бахши иктишофу истихроҷ ва тавлиди тилло доранд, заминаи қонунии корро фароҳам кунад.
-
Сафари нахустин ҳайати бозаргонии Амрико ба Тоҷикистон
Июл 12, 2017 10:44Нахустин ҳайати намояндагони бахшҳои бозаргонии Амрико имрӯз ба Тоҷикистон сафар мекунад.
-
Чопи осори шоирони тоҷикистонӣ дар Эрон
Июл 12, 2017 09:52Намунаҳое аз осори шоирони муосири Тоҷикистон дар Эрон мунташир шуд.
-
Кӯмаки 50 миллиондолларии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
Июл 12, 2017 04:30Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бо ихтисоси кӯмаки 50 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои тақвияти зерсохтҳои ин кишвар дар баробари осебҳои табиӣ мувофиқат кард.
-
Баррасии равобити Тоҷикистон ва режими саҳюнистӣ дар Душанбе
Июл 11, 2017 06:02Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири ғайримуқими режими ишғолгари Қудс дар дидоре дар Душанбе муносиботи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Ҳушдори Сафаров дар бораи фаъолияти мухолифон дар хориҷ аз Тоҷикистон
Июл 10, 2017 16:34Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Сайфулло Сафаров, муовини Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки иттиҳоди нерӯҳои мухолифон аз ҷумла фаъолияти ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар хориҷ, барои амнияти ин кишвар хатарнок аст.
-
Размоиши чандмиллиятӣ дар Тоҷикистон
Июл 09, 2017 09:19Размоиши чандмиллиятии Амрико ва чаҳор кишвари дигар бо унвони «Амалиёт RC17» (ҳамкории минтақаӣ 2017), аз даҳуми июл дар Тоҷикистон оғоз мешавад.