-
Дастури нахуствазири Русия барои талофии таҳримҳои Амрико
Апрел 09, 2018 16:55Нахуствазири Русия ба давлати ин кишвар дастур дод, тарҳҳое барои иқдомоти талофиҷуёнаи эҳтимолӣ дар баробари таҳримҳои Вашингтон омода кунад.
-
Вокуниши Русия ба таҳримҳои ҷадиди Амрико
Апрел 07, 2018 16:48Вазорати хориҷаи Русия ҷумъа шаб дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Русия дар баёнияе эълом кард, ки Маскав ба таҳримҳои ҷадиди Амрико ва ҳаргуна иқдоме, ки дар оянда алайҳи Русия сурат гирад, посухи қотеъ хоҳад дод.
-
Тамдиди таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия
Март 13, 2018 10:52Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе эълом кард, таҳримҳо алайҳи Русияро ба хотири пайвастани Қрим ба Русия ва ҳимоят аз мухолифони шарқи Украина 6 моҳи дигар тамдид кардааст. Ин таҳримҳо, ки шомили маҳдудиятҳои мусофиратӣ ва ҳисобҳои 150 шахс ва 38 ширкати русӣ мешавад, то 15 –уми сентябр тамдид шуд.
-
Тамдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Русия
Март 03, 2018 14:26Давлати Амрико ҷумъа таҳримҳоеро, ки дар соли 2014 пас аз инзимоми шибҳҷазираи Қрим ба хоки Русия алайҳи ин кишвар вазъ карда буд, барои яксоли дигар то марти 2019 тамдид кард.
-
Русия ба “феҳристи Кремлин”-и Амрико посухи муносиб медиҳад
Январ 31, 2018 17:03Мақомоти парлумонии Русия таъкид карданд, Маскав посухи муносибе ба “феҳристи Кремлин”-и Вазорати хазонадории Амрико хоҳад дод.
-
Интиқоди Маскав аз талошҳои мухарриби Амрико алайҳи Русия
Январ 30, 2018 11:07Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи душанбе эълом кард, Амрико дар талош аст бо эъломи фаврии гузориши таҳримҳои худ, бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия таъсир бигузорад.
-
Посухи Маскав ба таҳримҳои Канада
Ноябр 04, 2017 10:11Давлати Маскав дар вокуниш ба таҳрими 30 шаҳрванди ин кишвар аз сӯйи давлати Оттава, ҷумъашаб эълом кард, монеъ аз вуруди даҳҳо канадаӣ ба хоки Русия хоҳад шуд.
-
Вокуниши Русия ба оғози таҳримҳои Амрико зидди Маскав
Октябр 27, 2017 17:45Муовини вазири умури хориҷии Русия эълом кард, кишвараш метавонад паёмади таҳримҳои Амрикоро ба ҳадди ақал бирасонад.
-
Зарари 30 миллиард евроии Иттиҳоди Аврупо аз таҳрими Русия
Октябр 08, 2017 09:45Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон аз идомаи таҳримҳои иқтисодии Русия бо ҳидояти Амрико зарар мебинад.
-
Имкони барчида шудани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия
Октябр 07, 2017 11:26Вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ эълом кард, имкони дастёбӣ ба тавофуқ миёни аъзои ҷомеаи байналмилалӣ бар сари барчидани таҳримҳо алайҳи Русия вуҷуд дорад.