-
Нокомии дипломасии аврпуоии "ҷалби ризоят"-и Трамп
Май 10, 2018 08:50Ҳизби Сотсиалисти Фаронса дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ эълом кард ин иқдоми Трамп нишон дод, ки дипломасии "ҷалби ризоят"-и Вашингтон дигар барои Аврупо ҷавоб намедиҳад. Ин ҳизб дар баёнияе хориҷ шудани Вашингтон аз БАРҶОМ ва низ тавофкуқи обу ҳавоии Порис ва тавофуқи тиҷориро нишонаи нокомии ин дипломасӣ донист. Аз дидгоҳи ин ҳизб Порис аз ин пас бояд ба ҷойи дипломасии ҷалби ризоят, бо ҳамкории шарикони аврупоии худ ба фикри тазмине барои иҷрои БАРҶОМ бошад.
-
Хуруҷ аз БАРҶОМ ё душманӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ
Май 09, 2018 16:00Саранҷом Амрико аз тавофуқи ҷамъии ҳафт кишвар ба ҳамроҳи Иттиҳодияи Аврупо, ки иҷрои он тавассути қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал тазмин шуда буд, хориҷ шуд.
-
Оғози чаҳорумин давраи раёсати ҷумҳурии Путин. Амалкард, барномаҳо ва чолишҳо
Май 08, 2018 09:50Владимир Путин, ки дар 18 марти 2018 дар ҳафтумин интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба пирӯзӣ расид, зӯҳри душанбе барои чаҳорумин бор савганди раёсати ҷумҳурӣ ёд кард.
-
Тафсир - Афзоиши ихтилоф миёни ду сӯи Уқёнуси Атлантика ва нигаронии физояндаи Аврупо
Май 07, 2018 10:07Франк Валтер Штайнмайер раиси ҷумҳурии Олмон дар заминаи тағйири шигарф дар равобити ду сӯи Уқёнуси Атлантика ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, Берлин бояд масъулияти байналмилалии худро дар ҷойгоҳи бузургтарин иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо дарк кунад.
-
Кишварҳои аврупоӣ - бузургтарин содиркунандаи моддаи мухаддири "гул" ба Эрон
Май 06, 2018 09:08Моддаи мухаддири ҷадид ва хатарноки «гул» ба яке аз кашфиёти аслии гумруки Эрон табдил шудааст.
-
Ҳушдори Русия дар бораи лағви БАРҶОМ ва паёмадҳои он
Май 05, 2018 09:05Давлати Русия дар баёниае бо таъкид бар инки БАРҶОМ созу кори мутаодил барои таъмини манофеи ҳамаи тарафҳост, ҳушдор дод, лағви ин тавофуқ зиёнбор хоҳад буд. Тибқи ин баёния, бар ҳам хурдани мувозинаи шиканндаи манофеъ дар БАРҶОМ, паёмадҳои ҷиддӣ барои амнияти байналмилалӣ ва низоми манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ хоҳад дошт.
-
Ҳамоиши иқтисодии Теҳрон-Арбил, фасли нави ҳамкориҳо дар даврони пасоДИИШ
Май 03, 2018 08:52Ҳамоиши фурсатҳои иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ бо ҳузури масъулони иқтисодии ду тараф ва ҳайъатҳои мухталифи иқтисодӣ дар шаҳри Арбил дар ҳоли баргузорӣ аст.
-
ЮНИСЕФ куштори кӯдакони афғонро маҳкум кард
Май 01, 2018 09:45Мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар баёнияе, ҳамлаи террористӣ дар устони Қандаҳор Афғонистонро, ки мунҷар ба кушта шудани 11 кӯдаки афғон шуд, маҳкум кард.
-
Баргузории ҳамапурсии тағйири номи кишвари Македония
Апрел 30, 2018 07:31Зоран Заев нахуствазири Македония баргузории ҳамапурсии тағйири номи ин кишвар ва мавзӯи узвияти Македония дар Иттиҳодияи Аврупоро хостор шудааст.
-
Зарари ҳангуфти Олмон аз таҳримҳои якҷонбаи Амрико алайҳи Русия
Апрел 29, 2018 09:30Утоқи бозаргонии Русия ва Олмон тайи баёнияе эълом кард, зарари Олмон аз таҳримҳои якҷонбаи Амрико алайҳи Русия ба якуним миллиард евро мерасад. Тибқи ин баёния, яке аз аҳдофи сафари Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ба Вашингтон маоф шудани ширкатҳои бузурги олмонӣ аз таҳримҳои Амрико дар иртибот бо мақомот ва тоҷирони рус буд.