-
Интиқоди Маскав аз талошҳои мухарриби Амрико алайҳи Русия
Январ 30, 2018 11:07Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи душанбе эълом кард, Амрико дар талош аст бо эъломи фаврии гузориши таҳримҳои худ, бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия таъсир бигузорад.
-
Намоиши ҷадиди “эронҳаросӣ”-и Амрико бо даъват аз сафирони аъзои Шӯрои амният
Январ 29, 2018 14:59Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милал бо даъват аз сафирони кишварҳои узви Шӯрои амнияти Созмони Милал намоиши тозаеро дар идомаи сиёсати эронҳаросӣ тартиб додааст.
-
Гуфтугӯҳои миллӣ дар Сурия - меҳвари ройзаниҳои Теҳрону Димишқ
Январ 28, 2018 09:55Дар остонаи баргузории нишасти гуфтугӯи миллӣ дар Сурия, ки қарор аст, 29 ва 30-юми январ дар Сочии Русия баргузор шавад, Ҳусейн Ҷобири Ансорӣ, дастёри аршади вазири хориҷии Эрон дар умури вижаи сиёсӣ ва музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раванди Остона дирӯз, шанбе дар Димишқ бо Башор Асад, раисҷумҳур ва дигар мақомҳои Сурия дидору гуфтугӯ кард.
-
Давос сиёсатмадорони нафратпароканро таҳрим кунад
Январ 27, 2018 14:30Изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамнавоии ӯ бо бархе чеҳраҳои араби минтақа, нишон аз тарроҳиҳои тоза алайҳи Теҳрон дар Иҷлоси имсоли Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Давоси Швейтсария дошт.
-
Поёни размоиши муштараки артиши Эрон, намоиши иқтидори миллӣ
Январ 25, 2018 09:26Панҷумин размоиши муштараки “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)- 5” артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар маҳдудаи савоҳили Халиҷи Форс ва дарёи Уммон бо муваффақият дар иҷрои барномаҳои тарроҳишуда поён ёфт.
-
Ҳамлаи иқтисодии Трамп ба тиҷорати ҷаҳонӣ
Январ 24, 2018 15:19Раисҷумҳури Амрико дар нахустин гом аз амалӣ кардани шиори “аввал Амрико” бар воридоти мошинҳои шуянда ва сафаҳоти хуршедӣ тарифа вазъ кард.
-
Тардиди Тиллерсон дар бораи тағйир дар БарҶом
Январ 23, 2018 11:08Вазири умури хориҷаи Амрико дар мавриди тағйири эҳтимолӣ дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БарҶом) дар муҳлате, ки Трамп эълом кардааст, ибрози тардид кард.
-
Иллатҳои оғози амалиёти “Шохаи зайтун”-и Туркия дар шимоли Сурия
Январ 22, 2018 11:24Туркия расман аз рӯзи 20-уми январ амалиёти мавсум ба “Шохаи зайтун”-ро дар шимоли Сурия оғоз кард.
-
Ҳушдори Русия дар бораи танишофаринии Амрико дар шимоли Сурия
Январ 21, 2018 11:36Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе бо интишори баёнияе зимни ҳушдор дар бораи иқдомоти танишофарини Амрико дар шимоли Сурия эълом кард, дастрасии шибҳинизомиёни мусаллаҳи вобаста ба Амрико дар шимоли Сурия ба таслиҳоти ҷангии модерн, мунҷар ба афзоиши танишҳо дар ин минтақа шудааст. Ҳушдори шадиди Русия дар бораи иқдомоти танишзои Амрико дар шимоли Сурия бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахир, сурат гирифтааст.
-
Валиаҳди Арабистон аз савдои қудрат то кобуси муҷозот
Январ 20, 2018 18:54Сухангуи Дидабони ҳуқуқи башар аз Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хост, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистонро ба сабаби ҷиноятҳои ҷангӣ, ки дар Яман муртакиб шудааст, таҳти пайгарди қонунӣ қарор диҳад ва муҷозот кунад.