-
Дидори вазирони умури хориҷаи Туркманистон ва Узбакистон
Декабр 14, 2017 09:00Дар дидори вазирони умури хориҷаи Узбакистону Туркманистон дар Ишқобод, тарафайн бар густариш ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва таомулоти минтақаӣ таъкид карданд.
-
Cафари минтақаии Путин
Декабр 12, 2017 13:48Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи душанбе пас аз сафар ба Сурия ва сипас ба Миср вориди Туркия шуд. Путин дар сафар ба Сурия зимни дидор бо Башор Асад, раисҷумҳури Сурия дар пойгоҳи ҳавоии Ҳумаймим хурӯҷи бахши умдае аз нерӯҳои низомии Русия аз ин кишварро эълом кард. Дар сафар ба Миср дар ҳузури Владимир Путин ва ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Сисӣ қарордоди эҳдоси нерӯгоҳи ҳастаии имзо шуд.
-
Cоярӯшанҳои буҷаи соли ояндаи Эрон
Декабр 11, 2017 16:25Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе лоиҳаи буҷаи кулли соли 1397-и ҳиҷрии шамсиро барои баррасӣ ва тасвиб тақдими Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон кард. Аммо нахустин буҷаи давлати дувоздаҳум аз чӣ вижагиҳои бархурдор аст?
-
Эъломи пирӯзии ниҳоии Ироқ бар ДИИШ
Декабр 10, 2017 11:35Пирӯзиҳо бар ДИИШ дар минтақа идома дорад ва андак замоне пас аз эъломи шикасти комили ДИИШ дар Сурия аз Ироқ хабар мерасад, ки ин кишвар низ ба пирӯзии ниҳоӣ бар Доъиш ноил шудааст.
-
Чароӣ ва паёмадҳои мавозеи муғризонаи Трамп дар бораи Қудс
Декабр 09, 2017 11:49Ба мувозоти мухолифатҳои ҷаҳонӣ бо иқдомоти Трамп, эътирозоти густардаи фаластиниҳо ва афкори умумии минтақа ба иқдомоти Амрико ҳамчунон дар конуни таваҷҷуҳоти ҷаҳонӣ қарор дорад. Ин эътирозот дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ бо ташдиди саркубҳо дар ҳафтаҳои гузашта дарсадад буд, ки монеъ аз ҳаргуна эътирозоти мардуми Фаластин ба иқдомоти таҳрикомези Амрико дар ҳимоят аз ин режим шавад.
-
Марги Абдуллоҳ Солеҳ - тарроҳӣ ё натиҷаи ҳамсӯйи бо Арабистону Аморот?
Декабр 05, 2017 13:50Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури барканоршудаи Яман дар ҳоле рӯзи гузашта, 4 декабр кушта шуд, ки асари Арабистони Саудӣ ва Аморот дар ин иттифоқ дида мешавад.
-
Поёни таниши марзии Қирғизистону Қазоқистон
Декабр 04, 2017 15:24Таниши марзии Қирғизистону Қазоқистон бо имзои як тавофуқнома ва нақшаи роҳи ҳамкорӣ миёни муовинони аввали нахуствазирони ду кишвар поён ёфт. Ин тавофуқнома дар ҷараёни сафари Толконбек Абдуқулов, муовини аввали нахуствазири Қирғизистон ба Остона миёни ӯ ва Аскар Мамин, муовини нахуствазири Қазоқистон имзо шуд. Бар асоси ин тавофуқнома, гузаргоҳҳои марзии ду кишвар аз рӯзи якшанбе, сеюми ноябр дар ҳолати оддӣ фаъолият мекунанд.
-
Хурӯҷи Амрико аз Паймони муҳоҷиратии СММ
Декабр 03, 2017 17:30Давлати Амрико эълом кард, ин кишвар аз Паймони ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид барои беҳбуди мудирияти байналмилалии муҳоҷирон ва паноҳандагон хориҷ хоҳад шуд.
-
Зарродхонаҳои химиявӣ хатаре, ки сулҳу амнияти ҷаҳониро ҳамчунон таҳдид мекунад
Декабр 03, 2017 17:25Ғуломҳусайни Деҳқонӣ, мудири кулли умури сиёсӣ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар 22-умин Конфронси кишварҳои узви Конвенсияи манъи силоҳҳои химиявӣ, ки дар Лоҳаи Ҳолланд ба кори худ поён дод, вуҷуди зарродхонаҳои химиявиро хатаре барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ донист.
-
Нишасти ОПЕК, зарурати ҳифзи “Барномаи коҳиши тавлиди нафт”
Ноябр 30, 2017 09:43173-умин нишасти созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) имрӯз дар мақарри доими ин созмон дар Вена баргузор мешавад. Талош барои ҳифзи суботи кунунии бозори ҷаҳонии нафт, муҳимтарин ҳадафи нишасти ОПЕК эълом шудааст.