Ҷунбиши Ҳамос: Ишғолгарони саҳюнист бояд комилан аз Ғазза хориҷ шаванд
Апрел 15, 2025 12:11 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) таъкид кард, ки мавзеи қотеи ин ҷунбиш хуруҷи ишғолгарони саҳюнист аз борикаи Ғазза аст ва бар ин мавзеи худ мусаммам ҳастем.
Ҷунбиши Ҳамос бомдоди сешанбе эълом кард, ки посухи худ ба тавофуқи пешниҳодии миёнҷиҳо барои оташбас дар борикаи Ғаззаро дар сареътарин замон ироа хоҳад дод.
Ҳамос гуфт: Мо мавзеи қотеи худро мабнӣ бар инки ҳар гуна тавофуқи оянда бояд ба оташбаси доимӣ ва хуруҷи комили ишғол аз борикаи Ғазза мунҷар шавад, такрор мекунем ва ҳар гуна тавофуқи оянда бояд ба як муомилаи воқеии табодули усаро, раванде ҷиддӣ барои бозсозии он чӣ вайрон шудаву рафъи муҳосираи Ғазза мунҷар гардад.
Барчасп