Италия хостори таваққуфи қаҳтӣ ва куштори мардум дар Ғазза шуд
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Италия дар изҳороте бо интиқод аз иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Ғазза хостори таваққуфи қаҳтӣ ва куштори мардум дар ин борика шуд.
Антонио Таҷани дар ҷараёни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои миллии Ҳизби Форзаи Италия (FI) бо баёни инки Рум ба сулҳ алоқа дорад, ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва маҳдудиятҳое, ки аз сӯи ин режим бар вуруди кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа эъмолшударо маҳкум кард ва гуфт: Италия яке аз кишварҳое аст, ки бештарин теъдоди паноҳандагонро аз Ғазза пазируфта, аммо акнун замони барқарории оташбаси фаврӣ ва поён додан ба ин вазъият дар ин борика фаро расидааст.
Дар ҳамин робита, Ҷорҷия Мелони, нахуствазири Италия низ рӯзи чаҳоршанбе вазъияти Ғаззаро вахим тавсиф кард ва гуфт, ки ҳеҷ гуна иқдоми низомӣ наметавонад ҳамалот алайҳи ғайринизомиёнро тавҷеҳ кунад.
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса панҷшанбешаб гуфт, ки Порис кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт ва ин тасмимро дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар моҳи сентябр расман эълом хоҳад кард.