Март 31, 2023 19:59 Asia/Dushanbe
  • Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамалоти режими мутаҷовизи саҳюнистӣ ба бархе марокиз дар Димишқ ва атрофи онро ба шиддат маҳкум кард.

Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: “Бо камоли таассуфу тааҷҷуби ҷомеаи ҷаҳонӣ, вокуниши мавриди интизору боздорандае нисбат ба ҳамалоти низомии мутаҷовизонаву мустамари режими саҳюнистӣ ба Сурия, аз ҷумла фурудгоҳҳои ғайринизомӣ ва ҳатто маконҳои маскунии ин кишвар надошта ва ҳамин масъала боиси ташвиқи режими ёдшуда дар идомаи нақзи ҳокимияту тамомияти сарзаминии як кишвари мустақили узви Созмони Милали Муттаҳид ва такрори ҷурму ҷиноят дар ҳаққи шаҳрвандону низомиёни он шудааст.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон ин гуна иқдомоти таҷовузкоронаро нақзи ошкору мустамари қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва низ иқдомоте фарофиканона ба манзури инҳирофи таваҷҷуҳот аз буҳронҳову шикофҳои амиқи дохилии ин режим ва ҳамчунин нохурсандии он аз истеҳкоми дохиливу кушоишҳои ахир дар равобити хориҷии Сурия донист.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бори дигар аз ниҳодҳои масъули байналмилалӣ ва дар раъси онҳо Шурои амнияти СММ хост, фавран ба масъулияти қонуниву шинохташудаи худ дар иқдоми зиддимутаҷовиз ва мамониат аз истимрори таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ва нақзи мукаррару фоҳиши ҳокимияту тамомияти сарзаминии як кишвари узви СММ амал кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп