Апрел 09, 2023 12:48 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ: Паради 2500 шиновар дар ҳимоят аз Фаластин баргузор мешавад
    Фармондеҳи неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ: Паради 2500 шиновар дар ҳимоят аз Фаластин баргузор мешавад

Фармондеҳи неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони иқилоби исломӣ аз баргузории паради иқтидори 2500 шиновар дар ҳимоят аз интифозаи мардуми Фаластин хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, адмирал Алиризо Тангдаст, фармондеҳи неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба манзури дифоъ аз мазлумияти мардуми Фаластин ҳимоят аз интифозаи онҳо ва маҳкумият ҷиноятҳои душманона ва золимонаи режими саҳюнистӣ паради иқтидори шиноварҳои мардуми басиҷи дарёӣ неруи дарёӣ сипоҳ баргузор мешавад.

Адмирал Тангдаст афзуд ин парад дар рузи панҷшанбе 13 апрел ҳамзамон бо бархе бандарҳои мушахасшудаи саросари ҷаҳон дар соҳилҳои шимолӣ ва ҷанубии Эрон баргузор мешавад.

Фармондеҳи неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони иқилоби исломӣ хотирнишон кард ин паради мардуми ва иқтидоромези дарёӣ дар соҳилҳои дарёи Хазар ва Халиҷи Форс бо ҳузури ҳадиаксарии беш аз 2500 шиновари мардуми ҳомии ормонҳо ва интифозаи мардуми мазлуми Фаластин баргузор мешавад.

Барчасп