Кашфи шабакаи ҷосусии Моссад дар Туркия барои ҳадаф қарордодани фаъолиятҳои муртабит бо Эрон
(last modified 2023-05-23T14:54:02+00:00 )
Май 23, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Кашфи шабакаи ҷосусии Моссад дар Туркия барои ҳадаф қарордодани фаъолиятҳои муртабит бо Эрон
    Кашфи шабакаи ҷосусии Моссад дар Туркия барои ҳадаф қарордодани фаъолиятҳои муртабит бо Эрон

Расонаҳои Туркия аз кашфи як тими ҷосусии Моссад дар Туркия барои ҳадаф қарор додани фаъолиятҳои муртабит бо Эрон хабар доданд.

Ба гузориши ИРНА рузномаи Ҷерузолмпуст чопи Тел-Авив ба нақл аз расонаҳои маҳаллии Туркия имруз сешанбе гузориш дод 11 нафар дар иртибот бо кашфи як тими ҷосуси вобаста ба Моссад дар Туркия боздошт шуданд.

Ин расонаи саҳюнистӣ ҳадаф қарор додани аҳдофи вобаста ва муртабит ба Ҷумҳурии Исломии Эронро аз ҷумлаи тарҳҳои шабакаи ҷосусии режми саҳюнистӣ дар Туркия эълом кард.

Дар ҳамин ҳол Сабоҳнюзи Туркия гузориш дод созмони иттилоъоти миллии Туркия рузи сешанбе аз анҷоми як амалиёт зидди як шабакаи ҷосуси Моссад хабар дод.

Ин расонаи Туркия навшита аст амалиёти мит бо ҳамоҳангии додситони кулли Истанбул ба боздошти чанд нафар дар ин шаҳр мунҷар шуд.

Бар асоси гузориши Сабоҳнюз, шабакаи ҷосусии режими саҳюнистӣ як ширкат ва 23 ҳақиқиро ки дорои равобити тиҷори бо Эрон буданд расад мекард.

Бар асоси ин гузориш кашфи шабакаҳои ҷосусии Моссад дар Туркия собиқа дорад ва дастгоҳи ҷосусии режими саҳюнистӣ аз ин кишвари мусалмонишин барои пушиши амалётҳои харобкорона ва ҷосуси зидди дигар кишварҳои мусалмони минтақа истифода мекунад.

Барчасп