Бозтоби рӯнамоӣ аз мӯшаки « Фаттоҳ » дар расонаҳои байналмилалӣ
(last modified Tue, 06 Jun 2023 08:21:09 GMT )
Июн 06, 2023 13:21 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби рӯнамоӣ аз мӯшаки « Фаттоҳ » дар расонаҳои байналмилалӣ

Рӯнамоӣ аз абармӯшаки « Фаттоҳ », ҷадидтарин дастоварди роҳбурдии неруии ҳавофазои Сипоҳи посдорон бозтоби густардае дар расонаҳои ҷаҳон доштааст .

Ҷерусалим пост дар аввалин вокуниши расонаҳои режими саҳюнистӣ ба рӯнамоӣ аз мӯшаки Фаттоҳ эълом кард : Сипоҳи посдорон пеш аз ин ҳушдор дода буд, ки дар ҳоли сохти мӯшак ҳойперсонике аст, ки зарфи 400 сония ба Исроил мерасад .
Алмаёдин дар хабаре навишт : Эрон аз аввалин мӯшаки болистики мофавқи савти худ ба номи Фаттоҳ рӯнамоӣ кард, ки қодир ба давр задани сомонаҳои дифои ҳавоии пешрафта аст .
Шабакаи Алҷазира низ эълом кард : Сипоҳи Эрон бо ҳузури Сайиди Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳӯри Эрон мӯшаки « Фаттоҳ » ва тавоноиҳои худро ба намоиш гузошт.
Расонаи саҳюнистии i24news низ дар гузорише навишт : Эрон барои аввалин бор аз мӯшаки мофавқи савти « Фаттоҳ » бо ҳузури раиси ҷумҳӯр рӯнамоӣ кард . Мӯшаки эронӣ " Фаттоҳ " бурди муодили 1400 километр дорад ва аз вижагиҳои он суръати бисёр боло ва тавоноии пинҳоншавӣ ва манёвр дар баробари падофанди ҳавоӣ аст .
Расонаҳои саҳюнистии Гааретс ва Таймс Исроил низ рӯнамоӣ аз ин мӯшакро бозтоб доданд .
Расонаи русии Русия алявм ҳам эълом кард : Эрон имрӯз аз мӯшаки мофавқи савти худ бо номи " Фаттоҳ " рӯнамоӣ кард .
Дар ин гузориш омадааст : Сардори сартип Амиралии Ҳоҷизода-фармондеҳи неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи сешанбе эълом кард, ки Теҳрон имрӯз аз мӯшаки мофавқи савти худ " Фаттоҳ " рӯнамоӣ мекунад .
Хабаргузориҳои Райтерз, Скайи нюс, Гордиян, Эй Би Си ниюс, Алқудс алъарабӣ, Раъй алявм ва дигар расонаҳои ҷаҳон низ ин тавонмандии мушакии Эронро бозтоб доданд .

Бештар бихонед :