Июн 23, 2023 21:25 Asia/Dushanbe
  • Рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии Чин дар «Dragon boat»
    Рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии Чин дар «Dragon boat»

Бонуҷони эронӣ дар мусобиқоти «Dragon boat»-и Ҷоми ҷаҳонии Чин панҷ медали рангоранг касб карданд.

Ба гузориши ИРНА, тими «Dragon boat»-и бонувони халиҷи Форси Эрон дар рақобати финали «Dragon boat»-и ҳаштнафараи 500 метр бо тимҳои Филиппин, Гон-Канг, Малайзия ва тими аввалу дувуми Чин рақобат кард ва дар поён бо замони 2: 23. 581 дақиқа болотар аз руқабо дар радаи нахуст истод ва аввалин медали тиллои худро дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии Чин касб кард.

Дар мусобиқаи финали «Dragon boat»-и даҳнафараи 500 метр ҳам бонувони тими халиҷи Форси Эрон бо ду тим аз Чин ва тимҳои Гонг – Конг, Филиппин ва Малайзия рӯ ба рӯ шуд ва дар поён бо замони 2: 26. 347 дақиқа пас аз намояндаи Чин дар радаи дувум истод ва соҳиби медали нуқра шуд.

Дар рӯзи поёнии мусобиқоти «Dragon boat»-и Ҷоми ҷаҳонии Чин ҳам тими Оваши халиҷи Форс соҳиби як тилло ва як нуқраи дигар шуд.

 

Барчасп