Сардор Қоонӣ: Ҷавонони фаластинӣ дар Ҷанин дар даҳони Исроил заданд
(last modified Wed, 05 Jul 2023 12:22:02 GMT )
Июл 05, 2023 17:22 Asia/Dushanbe
  • Қоонӣ: Исроилиҳои ҷинояткор ҳеҷ вақт мисли имрӯз дучори мушкилу тафриқаву фалокат набуданд
    Қоонӣ: Исроилиҳои ҷинояткор ҳеҷ вақт мисли имрӯз дучори мушкилу тафриқаву фалокат набуданд

Фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таъкид кард, режими саҳюнистӣ тамоми неруи худро дар урдӯгоҳи Ҷанин ба майдон овард, вале ҷавонони Фаластин дар даҳони ӯ заданд.

Сардор Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, фарзандони Фаластин дар ҳеҷ даврае мисли имрӯз боиқтидору босалобат набуданд ва дар муқобил ҳам исроилиҳои ҷинояткор ҳеҷ вақт мисли имрӯз дучори мушкилу тафриқаву фалокат набуданд.

Қоонӣ афзуд, фарзандони Фаластин роҳи боиззат зиндагӣ кардан ва бо иззат ҷангиданро аз инқилоби исломӣ омухтанд.

Фармондеҳи Неруи Қудси сипоҳ ҳамчунин гуфт, баъзе аз рӯзҳо фаластиниён беш аз 30 амалиёт дар Каронаи бохтарӣ алайҳи режими саҳюнистӣ анҷом медиҳанд.

Қоонӣ хотирнишон кард, муқовимат дар саҳнаи сиёсиву амниятӣ ва иқтисодӣ ҳам худашро нишон додааст. Инҳо дарсҳое аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон даруни худаш ёд гирифта ва дар ҳоли омӯзиш додан ба соири кишварҳост. Аз ин рӯ душманон аз ин мавзуъ нороҳатанд. Баъд он қадр оҷиз мешаванд, ки сардор Қосими Сулаймонӣ, марди аввали мубориза бо терроризмро террор мекунанд.