Июл 21, 2023 21:02 Asia/Dushanbe
  • Хотамӣ: Аз давлату миллати Ироқ таҷлили вижа дорам, ки сафири Шветсияро ба сафорати Амрико фирорӣ доданд
    Хотамӣ: Аз давлату миллати Ироқ таҷлили вижа дорам, ки сафири Шветсияро ба сафорати Амрико фирорӣ доданд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба иҳонати муҷаддад ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим дар Шветсия гуфт, миллатҳои мусулмон бояд давлати Шветсияро пушаймон кунанд.

Фарде ифротӣ ба номи Салван Момика, ки 28 июн дар Стокголм ба Қуръони Карим дар Шветсия иҳонат карда буд, дирӯз (панҷшанбе) низ барои дуюмин бор бо касби муҷаввиз аз полиси ин кишвар, ба Қуръони Карим иҳонат кард.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, агар девонае ғалате кард, мо ба пои давлати он кишвар наменависем, аммо полиси Шветсия аз ин иқдом ҳимоят кардааст.

Оятуллоҳ Хотамӣ гуфт, миллатҳои мусулмон бояд давлати Шветсияро пушаймон кунанд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон изҳор дошт: “Аз давлату миллати Ироқ таҷлили вижа дорам, ки сафири Шветсияро ба сафорати Амрико фирорӣ доданд, бояд бидонанд бозӣ бо Қуръон ҳазинаи сахте дорад”.

 

Барчасп