Июл 21, 2023 21:20 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоён хостори таҷдиди назари Эрон бо ҳамкории кишварҳои исломӣ дар равобити дипломатии худ бо кишвари Шветсия шуданд
    Роҳпаймоён хостори таҷдиди назари Эрон бо ҳамкории кишварҳои исломӣ дар равобити дипломатии худ бо кишвари Шветсия шуданд

Намозгузорони ҷумъаи саросари Эрони исломӣ бо барпоии роҳпаймоӣ, беэҳтиромӣ ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим дар Шветсияро маҳкум карданд.

Фардеи ифротии 37 солае ба номи Салван Момика, ки 28 июн дар Стокголм ба Қуръони Карим дар Шветсия иҳонат карда буд, дируз (панҷшанбе) низ барои дуюмин бор бо касби муҷаввиз аз полиси Шветсия, ба Қуръони Карим иҳонат кард.

Роҳпаймоён бо сар додани шиорҳое инзиҷори худро ба беэҳтиромӣ ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим эълом карданд.

Роҳпаймоён ҳамчунин хостори ин шуданд, ки дастгоҳи дипломатии Эрон бо ҳамкории соири кишварҳои исломӣ дар равобити дипломатии худ бо кишвари Шветсия таҷдиди назар кунад.

Дар ҳамин замина, шомгоҳи панҷшанбе сафири Шветсия дар Теҳрон дар вокуниш ба ҳатки ҳурмати муҷаддад ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим дар ин кишвар, ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби эътирози ҷумҳурии исломӣ ба вай иблоғ шуд.

 

Барчасп