Август 01, 2023 17:12 Asia/Dushanbe
  • Раиси қуваи қазоияи Эрон: Гуруҳакҳои террористӣ як ба як пои мизи муҳокима меоянд
    Раиси қуваи қазоияи Эрон: Гуруҳакҳои террористӣ як ба як пои мизи муҳокима меоянд

Раиси қуваи қазоияи Эрон бо таъкид бар ин ки парвандаҳои гуруҳакҳои террористӣ бояд ба саранҷом бирасад гуфт: Расидагӣ ба парвандаҳои ақибмондаи гуруҳакҳое, ки дар авоили инқилоб зидди мардум ва кишвар муртакиби ҷиноятҳое шуданд дар дастури кор аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷатулислом валмуслимин Ғуломҳусен Муҳсини Эжаи дар нишасти шурои олии қуваи қазоия дар бораи расидаги ба парвандаҳои ақибмондаи гуруҳакҳое, ки дар авоили инқилоб зидди мардум ва кишвар муртакиби ҷиноятҳое шуданд гуфт: Гуруҳ ва ситоди маъмур ва мувазаф шуда аст то парвандаҳои ақибмонда ба хусус парвандаҳои гуруҳакҳоеро ки дар авоили инқилоб зидди қишрҳо ва табақоти мухталифи мардум ва кишвар даст ба ҷиноятҳо мезаданд ба саранҷом бирасонад.

Дар ҳамин ҳол раиси қуваи қазоияи Эрон бо ишора ба тавтеаҳое, ки душманон ба восиати асабоният аз шикастҳое, ки мутаҳамил шуданд ва дар садади эъмоли онҳо ҳастанд таъкид кард: Ҳошиясозиҳои сурат мегирад то азҳонро аз пардохтан ба масоили асли ва авлавиятдор мунҳариф созанд ҷебҳаи душман ҳар руз бо як хабари беасос ва ботил азҳонро машғул мекунад то ба рағми худ кишварро аз ҳаракт дар масири пешрафт ва рафъи мушкилот боздорад.

Муҳсини Эжаи ҳамчунин бори дигар иҳонат ба соҳати муқаддаси Қуръони Каримро маҳкум карду гуфт: Аз ин қабил иҳонатҳо тавтеаи барномарезишуда аз ноҳияи шайтонсифатон ва саҳюнистҳо аст.

Барчасп