Раиси ҷумҳӯри Эрон барои сафар ба Душанбе даъват шуд
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо иблоғи саломҳои Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳӯри Эрон бар даъвати расмӣ аз оятуллоҳ Раисӣ барои сафари дуҷониба ба Душанбе таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории Мавҷ, дар гуфтугӯии телефонии Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон ва Сироҷиддини Муҳриддин-вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри сешанбе сурат гирифт, тарафайн дар хусӯси муносиботи мавриди алоқа ба баҳсу табодули назар пардохтанд.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин тамос зимни иблоғи саломи ҳуҷҷатилислом Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба равобити дӯстонаву наздики Ҷумҳурии исломии Эрон ва давлати Тоҷикистон ишора кард ва афзуд : Акнун фасли ҷадиде аз ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар муносиботи Эрону Тоҷикистон шакл гирифтааст, ки ин раванди рӯ ба рушд дар равобит бояд идома ёбад.