Сентябр 17, 2023 09:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози моҳи мубораки рабиулаввал
    Оғози моҳи мубораки рабиулаввал

Имруз якшанбе якуми моҳи мубораки рабиулаввали соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ аст.

Ҳар чанд дар тамоми моҳҳо Худованд ҳамвора баракоташро барои инсонҳо арзони дошта аст ва тамоми аём пурбаракат ҳастанд, аммо бархе рузҳо ва моҳҳо аз вижаги ва шодии афзунтари дар миёни мусалмонон бархурдоранд.

Моҳи рабиулаввал ҳамонгунае, ки аз номи он пайдост баҳори моҳҳост ин моҳ дар байни шиъаён ба моҳи шоди ва сурур маъруф аст.

Мелоди Паёмари Ислом(с), имом Ҷаъфари Содиқ(а) имоми шашуми шиъаён ва оғози имомати ҳазрати Маҳди(а) имоми давоздаҳуми шиъаён дар ин моҳ воқеъ шуда аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар фазилати моҳи рабиулаввал гуфтанд: Моҳи рабиулаввал ба маънои ҳақиқии калима рабиъ ҳаёт ва баҳори зиндагӣ аст зеро дар ин моҳ вуҷуди муқаддаси паёмбари гироми ҳазрати Муҳаммад(с) ва ҳамчунин фарзанди бузургавораш ҳазрати имом Содиқ(а) валодат ёфтанд ва валодати паёмбар оғози ҳамаи баракоте аст, ки Худованд барои башарият мақдур фармуда аст.

Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи рабиулаввалро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табрик мегуяд.

Барчасп