Октябр 20, 2023 18:24 Asia/Dushanbe
  • Закзокӣ: Марокизи иттилоотиву амниятии Исроил чӣ қадр сусту бебунён аст
    Закзокӣ: Марокизи иттилоотиву амниятии Исроил чӣ қадр сусту бебунён аст

Раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия таъкид кард, амалиёти «Тӯфони Алақсо» оғозе бар шикасту ақибнишинии лашкари пӯшолии режими саҳюнистӣ аст.

Шайх Иброҳими Закзокӣ, раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия дар суханронии пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи Машҳад гуфт, мардуми Фаластин тайи ҳудуди 70 соли гузашта таҳти зулму ситаму қатли оми ҷамъии мудовими саҳюнистҳо қарор доштаанд ва мусулмонони ҷаҳон тайи солҳои ахир ба сурати мудовим шоҳиди беҳурматии саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо будаанд.

Закзокӣ бо ишора ба ҷиноёти Исроил ва ҳамла ба бемористони Алмаъмадони афзуд, он чӣ дар амалиёти "Тӯфони Алақсо" иттифоқ афтод, посухе ба ҷиноёти Исроил тайи 70 соли гузашта буд.

Ба гуфтаи Закзокӣ, ин амалиёт яке аз далоиле аст, ки нишон дод, марокизи иттилоотиву амниятии Исроил чӣ қадр сусту бебунён аст. Онҳо ҳатто ҳеҷ иттилооте нисбат ба шуруи “Тӯфони Алақсо” надоштанд ва натавонистанд аз он ҷилавгирӣ кунанд.

Раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия ҳамчунин гуфт, режими саҳюнистӣ дар баробари амалиёти размандагони фаластинӣ, кӯдакон, занон ва афроди бедифоъро бо бомбаборони ҳавоӣ ҳадаф қарор дод, ки ин нишонгари нотавониву буздилии ин режим аст.

 

Барчасп