Октябр 29, 2023 14:16 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Шикасти саҳюнистҳо дар амалиёти заминӣ аз шикаст дар амалиёти Туфонул-Ақсо бузургтар буд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шикасти саҳюнистҳо дар амалиёти заминӣ аз шикаст дар амалиёти Туфонул-Ақсо бузургтар унвон кард.

Раисӣ дар идома афзуд : Посухи паёмҳои амрикоиҳоро гурӯҳҳои муқовамат ва ба сурати ошкор доданд, аммо аҷиб он аст, ки амрикоиҳо ба дигарон бигӯянд иқдоме накунед ва худашон тамоми таслиҳот ва таҷҳизот ва имконоти мавриди ниёз саҳюнистҳо барои ҷиноятгарӣ дар Ғаззаро он ҳам дар муқобили чашми мардуми дунё фароҳам кунанд.

 Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт : Ҷинояти даҳшатноки куштори занон ва кӯдакон ба дасти режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ, бисёре аз мардуми ҷаҳонро дучори ҳайрат ва хашму нафрат аз ин режем карда, ба наҳве, ки метавон гуфт дар як сафбандии қобил таваҷҷуҳ  мардуми ҷаҳон бисёре аз соҳибназарон ва сиёсатмадорон дар як тараф қарор доранд ва ҳайати ҳокимаи Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ ва режими сохтагии саҳюнистӣ дар тарафи дигар қарор гирифтаанд.

 Раисӣ афзуд : Муқовимати мардуми Фаластин мазлумияти тавъам бо иқтидор аст ва ба таъбири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мардуми Фаластинро мешавад мардуми мазлум ва муқтадир номид, ки ин рӯҳия ва истодаги бо чунин ангеза ва иродае ҳатман пирӯзиро ба номи миллати Фаластин ва ҷараёни муқовимат рақам хоҳад зад.

 Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин хотирнишон кард : Неруҳои муқовимат, чӣ дар Фаластин, чӣ дар Лубнон ва чӣ дар дигар нуқоти минтақа-неруҳои бархоста аз матни мардум ҳастанд, ки аз зулм ба сутӯҳ омада ва гирди ҳам ҷамъ шудаанд, то аз Ватан ва ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.

 Раисӣ таъкид кард : Масъалаи Фаластин ҳамвора бояд ба унвони муҳимтарин мавзӯъ ва нигарониии ҳама кишварҳои исломӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

Раиси ҷумҳури Эрон тасреҳ кард : Ҷаҳони ислом ва ҳама кишварҳои мустақили дунё, ки таҳти сайтараи Амрико нестанд бояд аз ҷараёни муқовимати Фаластин ҳимоят ва дифоъ кунанд.

 

 

 

Барчасп