Раисӣ: Ҳаводиси Ғазза намоишгоҳе таъсирбарангез аз иқдомоти зиддибашарӣ аст
(last modified Wed, 01 Nov 2023 13:35:42 GMT )
Ноябр 01, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ истифода аз бомбаҳои мамнуа ва муҳосираи ҳамаҷонибаи мардуми Ғаззаро иқдоми зиддибашарии режими саҳюнистӣ донист
    Раисӣ истифода аз бомбаҳои мамнуа ва муҳосираи ҳамаҷонибаи мардуми Ғаззаро иқдоми зиддибашарии режими саҳюнистӣ донист

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаводиси Ғаззаро намоишгоҳе таъсирбарангез аз иқдомоти зиддибашарии режими саҳюнистӣ унвон кард.

Ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунии борикаи Ғазза вориди чаҳорумин ҳафтаи мутаволии худ шудааст ва бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин беш аз ҳашт ҳазору 500 фаластинӣ шаҳид шудаанд, ки ниме аз онон кӯдакони бедифоъ ва мазлум ҳастанд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷаласаи имрӯз (чаҳоршанбе) -и ҳайати давлат гуфт, ҳаводиси Ғазза намоишгоҳе таъсирбарангез аз иқдомоти зиддибашарии режими саҳюнистӣ, аз ҷумла кӯдаккушӣ, ҳамла ба бемористонҳо, истифода аз бомбаҳои мамнуа ва муҳосираи ҳамаҷонибаи мардум ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз имдодрасониву ирсоли кумакҳои ғизоиву доруӣ ба ин минтақа, он ҳам дар муқобили чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Раисӣ бо баёни ин ки ҳаводиси Ғазза нишонае ошкор аз шикасти созмонҳои ҷаҳонӣ барои барқарории амният аст, афзуд, бомбаборони ваҳшиёнаи урдӯгоҳи Ҷиболиё ва ба хоку хун кашидани мардуми бегуноҳ, идомаи ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар 20 рӯзи гузашта аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар нақши мустақими Амрико дар ин ҷиноёт ба воситаи таҷҳизи таслеҳотӣ ва кумакҳои низомӣ ва ҳимоятҳои сиёсӣ аз режими саҳюнистӣ гуфт, ин ҷиноёт нишон дод, бисёре аз муоҳидоти байналмилалӣ ва маншури Созмони Милал эътибору короии худро аз даст дода ва зарурӣ аст ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хости афкори умумӣ дар ин созукорҳо таҷдиди назар кунанд.

Раисӣ раъйи қотеи аъзои Маҷмаи умумии СММ барои тасвиби қатъномаи оташбас дар Ғаззаро заминаи инзивои Амрико дар ҷомеа ҷаҳонӣ донисту рӯйкарди бархе кишварҳои ғарбӣ дар ҳамроҳӣ бо режими саҳюнистӣ дар кӯдаккушӣ ва ҷиноят алайҳи башариятро намое аз дӯруӣ, тазвир ва стандартҳои дугона дар низомҳои байналмилалӣ тавсиф кард.