Ноябр 11, 2023 11:53 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди нуҷумии Манчестер Юнайтед ба муҳоҷими тими миллии футболи Эрон

Бошгоҳи англисии Манчестер Юнайтед пешниҳоде ба арзиши 10 миллион фонт барои ҷазби Маҳдии Торимӣ омода кардааст.

Як расонаи англисӣ зимни фоши ҷузиёти қарордоди Торимӣ бо Юнайтед, муддати замони ин қарордодро 3 сола унвон кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Манчестер Юнайтед қарор аст тайи тамосе дар моҳ январ бо бошгоҳи Порто дар мавриди хариди Торимӣ музокира кунад. Дар ҳамин росто ҷузиёте дар бораи ин қарород фош ва мунташир шудааст.

 Манчестер Юнайтед бо шикаст дар 9 бозӣ аз 17 бозии аввали худ, бадтарин натоиҷи таърихи бошгоҳ аз фасли 1974-1973-ро таҷриба карда ва аз ин ру Тан Ҳог ба унвони сармураббии Манчестер Юнайтед дар ҳоли барномарезӣ барои тақвияти тим аст. Дар ҳамин росто Маҳдии Торими ба унвони муҳоҷими нави даста мадди назар қарор гирифтааст.

 

Барчасп