Ноябр 18, 2023 10:13 Asia/Dushanbe
  • Рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии футболи камтар аз 17 сол; Бурди Эрон муқобили Каледонияи нав

Тими навҷавонони Эрон дар охирин бозӣ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии зери 17 сол муқобили Каледония ба бартарӣ расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими навҷавонони Эрон рӯзи ҷумъа дар севумин ва охирин бозии худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии зери 17 сол рӯ дар руи Каледоняи нав бо натиҷаи панҷ бар сифр ба пирӯзӣ расид.

 Тими футболи навҷавонон Эрон дар аввалин бозии худ дар ин рақобатҳо таърихсозӣ кард ва муваффақ шуд тими миллии Бразилияро 3 бар 2 шикаст диҳад.

 Миллипушони Эрон дар бозии дувуми худ муқобили Англия бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуби тими Англия шуданд.

 Дар дигар дидори ин гурӯҳ тими навҷавонони Бразилия дар як бозии ҳассос ба масофи Англия рафт, ки ин бозӣ бо бартарии 2 бар 1-и Бразилия ба поён расид.

 Бо ин натиҷа тими Англия ба унвони тими аввал, Бразилия тими дувум ва Эрон тими севум ҷавози ҳузур дар марҳилаи баъдии Ҷоми ҷаҳонии зери 17 солро ба даст оварданд.

 

Барчасп