Ноябр 30, 2023 17:54 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷа Эрон: Кишварҳои исломӣ ба талошҳои худ барои таваққуфи ҷиноёт дар борикаи Ғазза идома диҳанд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Кишварҳои исломӣ бояд ба талошҳои худ барои таваққуфи комили ҷиноёти ҷангии режим саҳюнистӣ ва гушудани масирҳои густурдаи ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба борикаи Ғазза идома диҳанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо шайх Абдуллоҳ ибни Зоид оли Наҳён-вазири умури хориҷаи Аморот бо ишора ба барқарории оташбаси муваққат дар борикаи Ғазза афзуд: Интизор он аст, ки Шӯрои Амнияти Созмони Миллал бо судури қатъномаи муассир битавонад ба вазоифи худ дар қиболи мардуми Фаластин амал кунад.

 Вазири умури хориҷаи Аморот низ бо ташреҳи иқдомоти ин кишвар дар маҷомеъи минтақаӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати барқарории оташбас дар борикаи Ғазза гуфт: Кишвараш ниҳояти талоши худро барои истимрори оташбас ва афзоиши ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба Ғазза ба кор хоҳад баст.

 Шайх Абдуллоҳ ибни Зоид оли Наҳён ҳамчунин бо ироаи гузорише аз охирин иқдомҳои Амороти муттаҳидаи арабӣ дар баргузории конфронси Коп 28 (иҷлоси обуҳавоии Кop28) вазири умури хориҷаи Эронро дар ҷараёни охирин иқдомҳои кишвараш барои баргузории ин конфронс қарор дод.

 Вазири умури хориҷаи Эрон бо ташаккур аз даъвати раиси Амороти муттаҳидаи арабӣ аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳузур дар конфронси Коп 28 гуфт: Бо дарки баргузории конфронси байналмилалии Коп 28 аз сӯи Созмони Миллал ва бо раёсати Аморот, ҳузури мақомоти режими ишғолгари Исроил дар ин иҷлос бо таваҷҷуҳ ба ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушии ахири режими саҳюнистӣ дархӯри тааммули ҷиддӣ аст.

 Шаҳри Дубай аз имрӯз (панҷшанбе) мизбони иҷлоси обуҳавоии Кop28 аст.

 

 

 

 

Барчасп