Декабр 02, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Ғазза-меҳвари гуфтугӯи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Уммон

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Уммон тайи тамоси телефонӣ дар хусуси охирин таҳаввулоти Ғазза ройзанӣ ва гуфтугӯ карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон шомгоҳи ҷумъа тайи тамоси телефони бо вазири хориҷаи Уммон дар хусуси охирин таҳаввулоти Ғазза ройзанӣ ва гуфтугӯ кард ва гуфт: Азсаргирии ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза нишондиҳандаи бетаваҷҷӯҳии ин режими ҷаълӣ ба дархостҳои байналмилалӣ ва афкори умумии ҷаҳон аст.

 Амирабдуллоҳиён таъкид кард: Зарурат дорад ҳама кишварҳои исломӣ талошҳои худро барои мутаваққиф кардани ин ҷиноёт афзоиш диҳанд.

 Сайид Бадр ал-Бусаъид-вазири хориҷаи салтанати Уммон низ дар ин гуфтугӯ шӯълавар шудани муҷаддади ҷанг ва тавсеаи онро дар минтақа таассуфбор хонд.

 Тарафҳо бар зарурати оташбаси пойдор ва ирсоли густурдаи кумакҳои инсонӣ ва иқдомоти муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин манзур таъкид карданд.

 Пас аз ҳудуди 50 рӯз режими саҳюнистӣ ва Ҳамос бо миёнҷигарии Қатар барои оташбаси 4 рӯза тавофуқ карданд, ки ин оташбас пас аз ҷумъаи гузашта оғоз шуд ва ду бор ба муддати ду рӯз ва як рӯз тамдид шуд.

Меҳвари аслии ин тавофуқ низ мубодилаи асирон ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза буд. Пас аз 7 рӯз ва бо поён ёфтани оташбас, режими ишғолгари Қудс бори дигар ҳамалот алайҳи борикаи Ғаззаро оғоз кард.

 

 

Барчасп