Декабр 09, 2023 18:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муовини аввали раисиҷумҳури Эрон ва нахуствазири Сурия барои эҷоди хутути киштиронии муназзаму тавсеаи ҳамлу нақл

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нахуствазири Сурия дидор ва бар эҷоди хутути киштиронии муназзаму тавсеаи ҳамлу нақл таъкид карданд.

Понздаҳумин иҷлоси Кумитаи олии ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Сурия баргузор шуд, дар ин иҷлос 6 санад миёни тарафайн ба имзо расид, ки шомили мувофиқатномаҳои тиҷорати озод, ёддоштҳои тафоҳум дар заминаҳои гардишгарӣ, мӯзей, расона ва китобхона аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раисиҷумҳуии Эрон, имрӯз (шанбе) дар нишасти матбуотии муштарак бо Ҳусайн Арнус, нахуствазири Сурия, ки дар маҷмааи фарҳангӣ - тахрихии Саъдободи Теҳрон баргузор шуд, гуфт, бо имзои санади мувофиқатномаи тиҷорати озод, тарофаи тиҷорӣ миёни ду кишвар сифр шуд.

Мухбир афзуд, амалиёти “Тӯфони Ал Ақсо” тавонист ҳамафзоӣ ва инсиҷоми рӯйкарди ҷараёнҳои муқовиматро ба манасаи зуҳӯр бирасонаду пайвастагии азлоъи ҷабҳаи муқовиматро мутаҷаллӣ кунад ва ин якпорчагӣ, сахттарин шикастро барои саҳюнистҳо ва ҳомиёни ғарбии онҳо рақам хоҳад зад.

Нахуствазири Сурия, низ дар ин нишасти муштарак гуфт, ранҷу дарде, ки мардуми Фаластин дар ҳоли ҳозир доранду ҷанги золимона ва ҳавлноке, ки кишварҳои ғарбӣ алайҳи Ғазза ба роҳ андохтаанд бо мақсади аҳдофи ботилу ҷаълӣ ва нақзи ҳуқуқи башар сӯрат мегирад, мавзеъе, ки Эрону Сурия дар ин хусӯс дошта як мавзеи ҳомии меҳвари муқовимат аст.

 

Барчасп