Амирабдуллоҳён: Имруз даруни Кохи Сафед дар мавриди ҷанги Ғазза ихтилофи назар вуҷуд дорад
(last modified 2023-12-24T04:50:35+00:00 )
Декабр 24, 2023 09:50 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳён: Имруз даруни Кохи Сафед дар мавриди ҷанги Ғазза ихтилофи назар вуҷуд дорад
    Амирабдуллоҳён: Имруз даруни Кохи Сафед дар мавриди ҷанги Ғазза ихтилофи назар вуҷуд дорад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бора паёмҳои Амрико ва ғарб ба Эрон барои кантроли густариши ҷанги Ғазза таъкид кард: Имруз даруни Кохи Сафед даргириҳои сиёсӣ вуҷуд дорад мабни бар ин ки чаро Амрикои инқадар худро ба Исроил гиреҳ зад ки акнун ба фикри хуруҷи обрумандона аз ҷанг Ғазза бошад.

Ба гузориши ИРНА Ҳусейн Амирабдуллоҳён  вазири умури хориҷаи Эрони рузи шанбе 23 декабр пас аз баргузарии конфаронси байналмилалии Теҳрони дар хусуси таҳаввулот Фаластин гуфт: Дар 70 рузи гузашта бидуни истиснои паёмҳои амрикоеҳо ва ғарбиҳо ба Эрон бо тамаркуз бар ин аст ки домана ва густариши ҷангро Эрон кантрол кунад.

Амирабдуллоҳён афзуд: Гуруҳҳои муқовимати ироқӣ ва сурӣ ҳам пойгоҳҳои амрикоиҳоро мавриди ҳамла қарор медиҳанд Амрико мураттаб дархост мекунад кумак кунед барои таваққуфи ин раванд аммо намешавад як тараф ҷанг бошад ва бихоҳед дигарон дар ин иртибот кори накунанд ин шудани нест.

Вазири умури хориҷа хотирнишон кард: Ҳомиёни режими саҳюнистӣ ба ин натиҷаи расиданд, ки идомаи ҷанг роҳкор нест ва ин вазъият ҳайсияти Амрикоро ба чолиш кашидааст.

Амирабдуллоҳён афзуд: Амрико канори Исроил дар ҷанг қарор дорад ва худаш муҷрим аст ва бояд дар додгоҳҳои ҷанги канори мақомоти сиёсӣ, низомӣ ва амниятии Исроил ботаваҷҷуҳ ба рафторн ки дар ин муддати зидди мардум Ғазза доштанд муҳокима шаванд.

Амирабдуллоҳён афзуд: Ба дунболи густариши доманаи ҷанг нестем ва аз ин ки Амрико дасти Исроилро комилан боз гузошт ва фармондиҳони низомӣ, иттилоотӣ ва мақомоти сиёсии Амрико бо тамоми тавон дар наслкушии мардуми Ғазза ба онҳо кумак медиҳанд инро хатои стратегии Амрико медонем.

Вазири умури хориҷа дар идома гуфт: Роҳкори эҷоди эътилоф дар дарёи сурх нест балки мутаваққиф кардани рехтани хуни сурхи мардуми Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза аст.

Барчасп