Январ 01, 2024 10:39 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити бародари шаҳрии байни Душанбе ва Теҳрон дар дидори Зоҳидӣ ва Зоконӣ
    Густариши равобити бародари шаҳрии байни Душанбе ва Теҳрон дар дидори Зоҳидӣ ва Зоконӣ

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Алиризо Зоконӣ, раиси шаҳри Теҳрон дидор ва гуфтугӯ кард .

Ба гузориш “ Ховар ” ба нақл аз Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарафайн дар хусӯси тавсеаи равобити бародари шаҳрии Душанбе ва  Теҳрон дар партави тавсеаи равобити Тоҷикистон ва  Эрон гуфтугӯ карданд .

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июли соли 1995 протоколи бародари шаҳрии Душанбе ва  Теҳрон ва 12 марти соли 2001 қарордоди ҷаддиди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва  тавофуқномаи бародари шаҳрии Душанбе ва  Теҳрон дар Теҳрон ба имзо расид .