Январ 07, 2024 12:33 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли кишварҳои Созмони Шанхай барои истифода аз таҷрубаи Эрон дар истифода аз арзҳои миллӣ
    Тамоюли кишварҳои Созмони Шанхай барои истифода аз таҷрубаи Эрон дар истифода аз арзҳои миллӣ

Ҳамоҳангкунанда миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай мегуяд Теҳрон дар 6 моҳи гузашта ба сурати қави вориди арсаи фаъолият дар ин ниҳод шуда ва қарор аст чандин нишасти муҳими он ба мизбонии Теҳрон баргузор шавад.

Ба гузориши Бозор Меҳрдоди Киёӣ бо ишора ба ҳузури ниҳодҳои дохилӣ дар нишастҳое ки аз суи ин созмон дар ҳавзаҳои илмӣ, фанноварӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд изҳор кард: Соли 2023 аз суи ин созмон ба унвони соли гардишгарӣ номгузори шуда буд ва намояндагони Эрон дар нишасте ки дар ин иртибот чанди пеш дар Чин баргузор шуд ҳузур доштанд ва зимни ироаи пешниҳодоти ҷадиди ҳамкори иртибототи хуби бо намояндагони дигар аъзои созмон барқарор карданд.

Вай бо ишора ба заминаҳои гуногуни фаъолияти Созмони Шанхай изҳор кард: Дар ҳавзаи иқтисодӣ низ дигар кишварҳои узв муштоқ ҳастанд аз таҷрубаи Эрон ба вижа дар баҳси истифода аз арзҳои миллӣ дар табодулоти бозаргонӣ ва тиҷорӣ истифода кунанд. Банки марказии Эрон дар ин заминаи мушорикати фаъол дар нишастҳои марбут дошта ва омодагии худро барои ба иштирокгузории таҷрибиёт эълом кардааст.

Ҳамоҳангкунанда миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бо ишора ба саҳмияи Эрон дар сохторҳои доимии созмон афзуд: Мутаъоқиби узвият дар созмон 2 курси дар сохтори минтақаӣ зиддитероризм дар тошканд ба мо таъаллуқи гирифт ки мо афроди худро барои фаъолият муаррифӣ кардаем ва Иншоаллоҳ ба зуди машғӯл ба кор мешаванд.

Ҳамчунин афроди мавриди назар барои 2 курсии Эрон дар дабирхонаи созмон дар Пекан низ базуди фаъолияти худро оғоз хоҳанд кард.

Барчасп