Январ 17, 2024 12:48 Asia/Dushanbe
  • Зарфиятҳои гардишгарии шаҳри Машҳад дар ҳавзаи муқовимат
    Зарфиятҳои гардишгарии шаҳри Машҳад дар ҳавзаи муқовимат

Турҳои гардишгарии муқовимат барои аввалин бор дар Машҳад баргузор мешавад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, муовини зиёрату гардишгарии Созмони фарҳангӣ - иҷтимои шаҳрдории Машҳад гуфт, бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои гардишгарии ҳавзаи муқовимат дар Машҳад, силсилаи турҳое ба манзури боздид аз макони рӯйдодҳову ошноӣ бо сардорони далери хуросонӣ баргузор мешавад.

Саидҷалили Бомишкӣ, муовин афзуд: Бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои гардишгарии шаҳри Машҳад дар ҳавзаи муқовимат ва аҳамияти ин мавзуъ ба ҳиммати муовинати зиёрату гардишгарии шаҳрдории Машҳад силсилаи турҳои ҳувиятии зиёратӣ бо унвони «Диёри далерон» барои аввалин бор дар қолаби боздиду ошноӣ бо макони рӯйдодҳову сардорони далери хуросонӣ дар давраҳои мухталифи таърихӣ дар шаҳри Машҳад баргузор мешавад.

Вай гуфт, ин турҳо ба сурати нимрӯза ва барои нахустин бор ҳамзамон бо гиромидошти Даҳаи Фаҷр барои коркунони мунтахаби шаҳрдории Машҳад баргузор мешавад ва дар фурсатҳои пеширӯ имкони ҳузур дар ин турҳо барои фаъолини фарҳангӣ ва конунҳои сатҳи шаҳри Машҳад фароҳам аст.

Бомишкӣ бо ишора ба маконҳои муқовиматии шаҳри Машҳад гуфт, боздид аз маконҳои рӯйдоди муқовиматӣ дар Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо, боғи Нодирӣ, оромгоҳи шуҳадо дар биҳишти Ризо (а) ва Кӯҳсангиву соири маконҳои дорои рӯйдоди меҳвари муқовиматӣ, аз ҷумлаи барномаҳои муҳими боздид дар ин тур аст.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп