Вазири умури хориҷаи Эрон: Амрико ва Исроил аз авомили аслии ноамнӣ дар минтақа ҳастанд
(last modified 2024-01-17T12:49:12+00:00 )
Январ 17, 2024 17:49 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон: Амрико ва Исроил аз авомили аслии ноамнӣ дар минтақа ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Амрико ва Исроил аз авомили аслии ноамнӣ дар минтақаи Ғарби Осиё ҳастанд.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии "СНБС" дар ҳошияи иҷлоси ҷаҳонии Давос дар Швейтсария ҳушдор дод, давлати Ҷо Байден дар Амрико набояд сарнавишти кишварашро ба Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гиреҳ бизанад.

Амирабдолҳиён афзуд, ҳимояти комили Вашингтон аз Тел Авив решаи аслии ноамнӣ дар минтақаи Ғарби Осиё аст.

Вай афзуд, Теҳрон мехоҳад Амрико ҷанг дар Ғаззаро мутаваққиф кунад.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён бо радди кумаки Эрон ба ҷумбиши Ансоруллоҳ Яман тасреҳ кард, мардуми Яман ва дигар кишварҳои минтақа, ки аз мардуми Фаластин дифо мекунанд тибқи таҷориб ва манофеи худ амал карда ва аз Эрон дастуре намегиранд.

Амирабдуллоҳиён таъкид кард, ҳар гуна иқдоме барои бесубот кардани минтақа реша дар Исроилу наслкушии ин режим дар Борикаи Ғазза дорад.

Вай дар бораи мӯшакборони амокини ҷосӯсии режими саҳюнистӣ ва террористҳои ДИИШ дар Сурия ва Ироқ аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ гуфт, ин иқдом "дар ростои мубориза бо терроризм ва дифои машрӯъ будааст."

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки рӯзи сешанбе барои ширкат дар иҷлоси Давос ба Швейтсария сафар карда, дар ҳошияи барномаҳои ин иҷлос бо вазири умури хориҷаи Норвегия, вазири умури хориҷаи Испания, нахуствазири давлати муваққати Покистон ва нахуствазири давлати пешбурди умӯри Лубнон дидору гуфтугӯ кард.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар дидор бо вазири умури хориҷаи Норвегия гуфт,  Эрон аз ҷангу ноамнӣ дар минтақа истиқбол намекунад ва дар сад рӯзи гузашта талошҳои зиёде барои поёни таваққуфи ҷангу ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва эҷоди оромиш дар минтақа доштааст.

Иҷлоси Давос ҳамасола тавассути Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод бо ҳузури мақомоти аршади давлатӣ ва хусӯсии кишварҳои ҷаҳон дар шаҳри Давоси Швейтсария баргузор мешавад.

Иҷлоси солонаи Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод (Давос) имсол аз 15 то 19 январ бо мавзӯи "бозсозии эътимод" ва бо ҳузури сарону намояндагон беш аз сад кишвар дар Давоси Швейтсария дар ҳоли баргузарӣ аст.

 

Барчасп