Таъкиди системаҳои қазоии Эрону Афғонистон барои густариши ҳамкорӣ
(last modified Sun, 21 Jan 2024 17:08:07 GMT )
Январ 21, 2024 22:08 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти системаҳои қазоии Эрону ҳукумати Толибон
    Ройзании мақомоти системаҳои қазоии Эрону ҳукумати Толибон

Муовини умури байналмилали Қувваи қазоияи Эрон ва муовини Вазорати додгустарии Афғонистон бар тақвияти ҳамкорӣ дар ҳавзаи қазоӣ таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ғарибободӣ, муовини умури байналмилали Қувваи қазоияи Эрон дар дидор бо Абдулғанӣ Фоиқ, муовини Вазорати додгустарии ҳукумати Толибон дар Кобул гуфт, Теҳрон мусаммам ба интиқоли зиндониёни афғонистонӣ аз Эрон ба Афғонистон ва фароҳам кардани тасҳилоти муносиб барои муҳоҷирони ин кишвар дар Эрон аст.

Ғарибободӣ афзуд, ҷамъияти бисёр зиёде аз атбои афғонистонӣ дар Эрон ҳузур доранд ва ба ҳамин хотир гоҳе авқот чолишҳо, мушкилот ва масоиле пеш меояд, аз ин рӯ ниёз аст ду низоми қазоии Эрону ҳукумати Толибони Афғонистон, ба вижа дар ҳавзаи қазоиву ҳуқуқӣ ва консулӣ бо якдигар равобит дошта бошанд.

Муовини Вазорати додгустарии ҳукумати Афғонистон низ бо ибрози хурсандӣ аз сафари ҳайати Эрон ба он кишвар гуфт, шоиста аст байни ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла қазоӣ ҳамкорӣ бошад.

Соли гузашта ҳайати додситонии кулли Толибон ба раҳбарии Мавлавӣ Шамсуддин Паҳлавон озими Эрон шуд, ки дар ин давр аз гуфтугӯҳо миёни мақомоти Теҳрону Кобул, 857 зиндонии афғонистонӣ аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон ба мақомоти Толибон таҳвил дода шуд.

Муовини умури байналмилали Қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон, ки ба даъвати раиси Шӯрои қазоии Афғонистон дар садри ҳайате ба ин кишвар сафар кардааст, рӯзи гузашта низ бо Мавлавӣ Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибон дидору гуфтугӯ кард.