Раисӣ: Ҳадафгузории Эрон барои иртиқои сатҳи равобит бо Туркия ба 30 миллиард доллар аст
(last modified 2024-01-24T12:49:42+00:00 )
Январ 24, 2024 17:49 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Ҳадафгузории Ҷумҳурии исломии Эрон иртиқои сатҳи равобити тиҷориву иқтисодӣ бо Туркия ба 30 миллиард доллар аст
    Раисӣ: Ҳадафгузории Ҷумҳурии исломии Эрон иртиқои сатҳи равобити тиҷориву иқтисодӣ бо Туркия ба 30 миллиард доллар аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз сафар ба Туркия гуфт, ҳадафгузории Теҳрон барои иртиқои сатҳи равобити тиҷории Эрону Туркия ба 30 миллиард доллар аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз - чаҳоршанбе пеш аз сафар ба Туркия дар фурудгоҳи Меҳробод бо баёни ин ки ин сафар ба даъвати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия сурат мегирад, афзуд: Вай ба манзури ташкили ҳайати олии муштараки Эрону Туркия ва ҳамчунин музокирот дар равобити дуҷониба, ба вижа дар ҳавзаи масоили иқтисодиву тиҷорӣ озими ин кишвар мешавад.

Раисӣ Туркияро кишвари мусулмон, ҳамсоя ва шарики тиҷориву иқтисодии муҳими Ҷумҳурии исломии Эрон унвон карду гуфт: Ҳадафгузории Ҷумҳурии исломии Эрон иртиқои сатҳи равобити тиҷориву иқтисодӣ бо Туркия ба 30 миллиард доллар аст, ки бо зарфиятҳои мавҷуди ду кишвар ин адад қобили дастёбӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, асноди муҳиме дар сафар ба Туркия ба имзо мерасад, ки нишон аз иродаи 2 кишвар барои тавсеаи равобити тиҷориву иқтисодӣ аст.

Раисӣ ибрози умедворӣ кард, ҳамкориҳои дуҷонибаву ҳамкориҳои минтақаӣ ва фароминтақаии фимобайн бо анҷоми ин сафар тавсеа пайдо кунад ва он чӣ дар сафари қабли Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ба Эрон мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифт, дар ин сафар тасбит шавад.

 

Барчасп