Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Русия: Санади роҳбурдӣ равобити Эрону Русияро иртиқо медиҳад
(last modified 2024-01-24T13:09:21+00:00 )
Январ 24, 2024 18:09 Asia/Dushanbe
  • Эрону Русия дар остонаи як мушорикату имзои тавофуқномаи ҷомеи роҳбурдӣ ҳастанд
    Эрону Русия дар остонаи як мушорикату имзои тавофуқномаи ҷомеи роҳбурдӣ ҳастанд

Дабири Шӯрои амнияти миллии Русия рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав, бо ишора ба ниҳоӣ шудани санади ҳамкориҳои 2 кишвар изҳор дошт: Ин санади ҷомеъ масири ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишварро тарсим хоҳад кард ва равобити Эрону Русияро ба сатҳе ҷадид иртиқо медиҳад.

Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи сешанбе дар нахустин сафари расмии худ, ба даъвати расмии Николай Потрушеф, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия вориди Маскав шуд.

Аҳмадиён дар замони вуруд ба Маскав эълом кард, Эрону Русия дар остонаи як мушорикату имзои тавофуқномаи ҷомеи роҳбурдӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Николай Потрешуф, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия дар Маскав, дар бораи мавзӯҳои мухталифи дуҷониба, азҷумла амниятӣ, дифоӣ ва таҳаввулоти минтақаи Ғарби Осиё ва идомаи ҷиноятҳои режими Исроил дар борикаи Ғазза гуфтугӯ кард.

 

Потрушеф дар ин нишаст ҳамлаи террористии Кирмонро маҳкум карду шаҳодати шуморе аз шаҳрвандони эрониро ба миллату давлати Эрон таслият гуфт.

Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии раиси ҷумҳурӣ ва дигар мақомҳои Русия, бо миллату давлати Эрон дар пайи ҳамлаи террористии Кирмон гуфт: Мубориза бо терроризм бояд бо қотеият идома ёбад.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон мавзеи Русия дар қиболи борикаи Ғаззаро низ созанда донисту афзуд, ҷиноятҳои зиддибашарии режими ғосиби Исроил зидди мардуми мазлуми Фаластин, ба вижа борикаи Ғазза бояд мутаваққиф шавад.

 

Барчасп