Феврал 20, 2024 11:16 Asia/Dushanbe
  • Севумин бурди пайдарпаи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии футболи соҳилӣ: Эрон 5 Таити 3

Тими миллии футболи соҳилии Эрон шомгоҳи душанбе дар севумин дидораш дар Ҷоми ҷаҳонии футболи соҳилӣ бо натиҷаи 5 бар 3 баробари Таити ба пирӯзӣ расид.

Ба гузориши ИРНА, дар ин дидор тими миллии соҳилии Эрон, ки ибтидо бо натиҷаи 2 бар сифр ақиб уфтода буд, тавонист дар ниҳоят бо натиҷаи 5 бар 3 Таитиро шикаст диҳад ва дар садри ҷадвали гурӯҳи b қарор бигирад.

 Дар ин дидор Ҳамиди Беҳзодпур (2 гол), Амир Мирҷалилӣ, Таёни Тио (гол ба худӣ) ва Муҳаммадалии Мухторӣ голҳои Эронро ба самар расонданд.

 Тими миллии футболи соҳилии Эрон бо таваҷҷуҳ ба садрнишинӣ дар марҳилаи чорякниҳоӣ баробари Италия ба майдон меравад.

 

  бештар бихонед:

 

 

Барчасп