Афзоиши ҳаҷми тиҷорати Эрону Тоҷикистон ниёзманди барқарории тарофаи тарҷеҳӣ миёни ду кишвар аст
(last modified 2024-02-21T13:20:33+00:00 )
Феврал 21, 2024 18:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар барқарории тарофаи тарҷеҳӣ миёни Тоҷикистону Эрон
    Таъкид бар барқарории тарофаи тарҷеҳӣ миёни Тоҷикистону Эрон

Раиси Утоқи Эрон бо интиқод аз афзоиши ногаҳонии тарофаи воридоти бархе маҳсулоти Эрон дар Тоҷикистон, гуфт: Барои афзоиши сатҳи ҳамкориҳои тиҷорӣ миёни ду кишвар, ниёзманди барқарории тарофаи тарҷеҳӣ миёни Эрону Тоҷикистон ҳастем.

Самад Ҳасанзода дар нишаст бо сафири Тоҷикистон дар Эрон, зимни дархости таҷдиди назар дар ин тасмим, аз сӯи мақомоти тоҷик, идома дод: Умедворам битавонем бо барқарории тарофаи тарҷеҳӣ барои бархе колоҳои мавриди мубодила миёни ду кишвар, ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати Эрону Тоҷикистон кумак кунем.

Ӯ бо баёни ин ки ҳаҷми тиҷорати ду кишвар дар ду соли гузашта аз 100 миллион доллар ба 270 миллион доллар расидааст, изҳор дошт: Агарчӣ ин пешрафти хубе аст, аммо ду кишвар бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои содиротии худ ҳанӯз фосилаи зиёде бо рақами матлуби тиҷорат миёни худ доранд.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон низ бо таъкид бар ин ки утоқи Эрону утоқҳои устонӣ муҳаррики аслии тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ миёни ду кишвар ҳастанд, гуфт: Ҳаҷми тиҷорати ду кишвар дар беҳтарин замон аз 350 миллион доллар фаротар нарафтааст. Аммо ҳадафгузории руасои ҷумҳурии ду кишвар ин аст, ки ин рақамро ба 500 миллион доллар бирасонем.

Ӯ афзуд: Эрону Тоҷикистон аз абзорҳои қудратманде ҳамчун Комиссияи муштараки иқтисодӣ, кумитаи муштараки сармоягузорӣ, Шӯрои муштараки утоқҳои бозаргонӣ ва утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон, бархӯрдор ҳастанд. Бинобарин вазифаи дуҷонибаи мо ин аст, ки аз ин абзорҳо беҳтарин истифодаро дошта бошем.

Зоҳидӣ бо интиқод аз амалӣ нашудани тавофуқоти мухталиф миёни ду кишвар, гуфт: Дар 30 соли гузашта беш аз 250 санади ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар имзо шудааст, ки агар фақат ниме аз онҳо амалӣ шуда буд, ҳаҷми табодулоти тиҷории Эрону Тоҷикистон ба як миллиард доллар расида буд.